Омодагии дастаҳои Тоҷикистону Туркманистон ба бозии дӯстона (ВИДЕО)

Дар як нишасти хабарӣ, ки имрӯз, 8-уми ноябр, дар шаҳри Душанбе пеш аз бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Туркманистон барпо гардид, намояндагони ҳарду даста дар бораи омодагиҳо ба ин бозӣ иттилоъ доданд.

Нахуст Чориёргулӣ Сейдиев, менеҷери тими миллии Туркманистон, бо хабарнигорон рӯбарӯ шуд. Вай гуфт, “мо як ҳафта омодагиро ба ин бозӣ шуруъ кардем. Омодагиамон хуб аст. Ба Душанбе чаҳор легионер овардаем. Мекӯшем, ки бозии зебо нишон бидиҳем. Дар бораи мунтахаби Тоҷикистон кам иттилоъ дорем, вале медонем, ки дастаи пурқувват ва ҷиддист. Мо баҳри пирӯзӣ бозӣ мекунем. “

Арслонмурод Амонов, капитани мунтахаби Туркманистон, ки феълан бозигари бошгоҳи “Олмалиқ”-и Узбакистон мебошад, ба хабарнигорон гуфт, “ба фикри ман ин бозӣ хеле ҷиддӣ сурат мегирад. Мекӯшем футболи хуб нишон бидиҳем, ки мухлисон қаноатманд шаванд.”

Баъдан дар ин нишаст Ҳаким Фузайлов, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, иброз дошт, “ин бозиҳо барои омодагии мо ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё хеле муҳиманд. Мо ҳайати дастаро муайян мекунем ва минбаъд бо онҳо сарукор мегирем, то ин ки вазифаи мураккаб - ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфтанро ҳал намоем.”

Нуриддин Давронов, капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар айни ҳол дар бошгоҳи “Дунав”-и Булғористон бозӣ мекунад, ба хабарнигорон гуфт, ки мекӯшанд ба мухлисон бозии зебо нишон бидиҳанд. Ӯ афзуд, “мо ба ин бозӣ тайёрии ҷиддӣ дидаем ва кӯшиш мекунем, ки муваффақ шавем.”

Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Туркманистон рӯзи 9-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 17 шуруъ мешавад. Ин бозӣ дар доираи омодагии футболбозони тоҷику туркман ба мусобиқаи интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019, ки моҳи марти соли оянда оғоз меёбад, баргузор хоҳад шуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сармураббиҳои Тоҷикистону Туркманистон: "Ба бозӣ омодаем"