"В-он косаи сарнагун пур аз савдо кард"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Бадахшон баъди дафни майит болои қабраш санг мегузоранд ва косаро сарнагун мешикананд. Коса ба умр ва ҷисм ба санг шабоҳат дода мешавад. Ин анъанаи мусулмонони исмоилӣ аст. Болои гӯр, инчунин, меваву хӯрданиҳоро мегузоранд ва мегӯянд, ки ҳаққи рафтагон аз неъмати онҳо бояд ҷудо шавад.