Сокинони шаҳри Кундуз аз ҳукумати Афғонистон талаб карданд, ки ҳарчӣ зудтар омилони кушта ва захмӣ шудани даҳҳо нафари, ба гуфтаи онҳо, ғайринизомӣ дар ҳамлаи шаби 2 ноябрро пайдо ва муҷозот намояд. Ба иддаои сокинон, дар бомбаборони нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО 30 тан аз бошандагони ин минтақа кушта шуданд, ки 11 нафари онҳо кӯдак буданд.
Даҳҳо хона фурӯ рафт ва ҳанӯз ҳам дар зери вайронаҳо ҷасадҳо боқӣ мондаанд. Ҳоло як гурӯҳи мардум дар пайи берун кашидани онҳо ҳастанд. Мардуми мо дарбадар шуданд.
Асадуллоҳ Амирхел – волии Кундуз – кушта шудани сӣ нафар бар асари бомбаборони шаби гузашта дар шимоли ин шаҳрро тасдиқ кард ва гуфт, дар миёни ҳалокшудаҳо занон низ ҳастанд. Аммо дафтари маъмурияти НАТО дар Афғонистон гуфт, ки онҳо барои ҳимоят аз нерӯҳои вижаи амниятӣ дар ин кишвар амалиётро ба роҳ монда буданд ва ҳалокати афроди ғайринизомӣ ба зудӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Навори видео инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дод Муҳаммад, яке аз бошандагони Кундуз, рӯзи 3 ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳодиса 70 нафари дигар захмӣ шуда, барои ҷарроҳӣ ва табобат ба бемористон интиқол ёфтанд. Ӯ ва садҳо тан аз бошандагони Кундуз ҷасади кушташудаҳоро ба нишони эътироз ба маркази ин шаҳр оварда ва талабҳои худро дар назди мақомот дар миён гузоштанд ва гуфтанд, дар амалиёти шаби гузашта афроди мулкӣ ҳадаф қарор гирифтанд, на аъзои гурӯҳи Толибон. “Шаби гузашта нерӯҳои амрикоӣ қарияи моро бомбаборон карданд ва инҳо боз аз ҳуқуқи башар гап мезананд. Дар ин бомбаборон атфолу занон ва афроди куҳансол кушта шуданд ва қарияи мо ба хок яксон гардид”, - афзуд Дод Муҳаммад.
Исломиддин Темурӣ, сокини дигар Кундуз, гуфт, “даҳҳо хона фурӯ рафт ва ҳанӯз ҳам дар зери вайронаҳо ҷасадҳо боқӣ мондаанд. Ҳоло як гурӯҳи мардум дар пайи берун кашидани онҳо ҳастанд. Мардуми мо дарбадар шуданд.”
Як мақоми нерӯҳои афғон бомбаборони шаби гузаштаро дар шимоли шаҳри Кундуз тасдиқ кард, аммо дар мавриди кушта шудани афроди мулкӣ чизе нагуфт. Ӯ таъкид кард, “нерӯҳои хоси мо дар он минтақа амалиёт доштанд. Ба хотири онки дар онҷо Толибон гирди ҳам омада буданд ва нақша доштанд, ки болои шаҳри Кундуз ҳамла кунанд. Замоне нерӯҳо ба онҷо рафтанд, аз чаҳор тараф Толибони мусаллаҳ ҳамла карданд, ки дар натиҷа теъдоде аз сарбозони мо низ кушта ва захмӣ шуданд. Нерӯҳои хос маҷбур шуданд, ки аз нерӯҳои ҳавоӣ кумак талаб намоянд. Дар натиҷа дар минтақа ҳафт маркази душман бомбаборон шуд ва ба шумули Қорӣ Зиёраҳмон чандин тан аз Толибони мусаллаҳ кушта шуданд.”
Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон аз кушта шудани мардуми осоишта дар Кундуз амиқан изҳори таассуф карда ва як ҳайатро муваззаф намудааст, то ҳодисаро ҳамаҷониба ба баррасӣ гиранд.
Вилояти Кундуз ду соли ахир ноором аст ва аввали моҳи октябри имсол ҳамлаҳои густардаи нерӯҳои Толибон ба шаҳри ҳамноми он ки бо ҷануби Тоҷикистон ҳаммарз аст, шурӯъ шуд. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, Толибон дар як ҳамлаи ҳамоҳангшуда якбора аз чор тарафи шаҳр ҳамла карданд.
Танҳо баъд аз даҳ рӯз, нерӯҳои амниятии Афғонистон тавонистанд, ки шаҳри Кундузро аз Толибон озод намоянд. Як сол пеш ҳам Кундуз барои чанд рӯз таҳти назорати Толибон даромад ва дар он ҳодисаҳо, бино ба ҳисобҳои Созмони Милали Муттаҳид, 289 нафар кушта ва садҳо тан захмӣ шуданд.