Русия ба намаки Амрикову Аврупо таҳрим ҷорӣ кард

Русия харидории намак аз кишварҳоеро, ки ба таҳримоти зидди Русия ҳамроҳ шудаанд, мамнуъ эълон кард. ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Канада, Австралия, Норвегия, Украина, Албания ва чанд кишвари дигар наметавонанд ба Русия намак содир кунанд.

То ҷорӣ шудани монеаҳо, Украина кишвари аслии содиркунандаи намак ба Русия ҳисоб мешуд. Вазорати кишоварзии Русия ваъда додааст, ки камбуди намакро аз ҳисоби истеҳсоли худӣ мепӯшонад.

Моҳи июн яке аз истеҳсолкунандаҳои бузурги намак дар Русия - ширкати тиҷоративу саноатии Сибири Шарқӣ таҳти назорати Артем Чайка, писари додситони кулли Русия гузашт. Моҳи августи соли равон Русия таҳрими маводи ғизоиро алайҳи як қатор кишварҳо то 31 декабри соли 2017 тамдид кард.