Баёнияи ахири раиси Хадамоти Федералии Таҳқиқоти Амрико ва ё Эф Би Ай барои таҳқиқоти нав дар бораи номаҳои электронии Ҳилларӣ Клинтон, номзад ба мақоми раиси ҷумҳур, тарафдорони ӯро ошуфта кард. Худи Ҳилларӣ Клинтон суханони Ҷеймс Коми, раиси Эф Би Айро бесобиқа ва амиқан нигаронкунанда хонд. "Дар воқеъ ин кор, на танҳо аҷиб, балки бесобиқа ва бисёр нигаронкунанда аст, зеро раъйдиҳандагон сазовори донистани воқеияти комил ҳастанд." -гуфт ӯ дар як ҳамоише дар аёлати Флорида.
Аз ин пештар Ҳарри Рейд, раҳбари демократҳо дар сенати Амрико низ гуфт, раиси Хадамоти федеролии таҳқиқотӣ бо ошкор кардани тафтиши нави номаҳои электронии Ҳиллари Клинтон, “қонунро помол кардааст”. Ҳарри Рейд рӯзи 30-уми октябр бо ирсоли номае ба Ҷеймс Коми, раиси FBI гуфтааст, ки ӯ Санади Ҳатчро нақз кардааст, ки ба мақомот иҷоза намедиҳад, бо истифода аз мақомашон ба интихобот таъсир гузоранд.
Ба гуфтаи мақомот, ин имейлҳоро аз компютере пайдо кардаанд, ки дар ҷараёни таҳқиқоти пешин аз шавҳари ҷудошудани Ҳумо Обиддин, гирифта буданд.
Хушҳолии Доналд Трамп
Таҳқиқи нави Эф Би Ай агарчӣ дар остонаи интихобот, мақомоти Ҳизби Демократи Амрикоро ошуфта кард, аммо Доналд Трамп, номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ хурсанд шудааст.
"Барои зиёд шудани мушкилоти қонуниаш Ҳилларӣ набояд ҳеҷ касеро ба ғайр аз худаш гунаҳкор шуморад. Амалҳои ӯ, дониста, ҳадафмандона ва амдӣ будааст." - гуфт ӯ дар ҳузури ҳаводоронаш дар Невада.
Айни замон Хадамоти Федеролии Таҳқиқоти Амрико иҷозаи таҳқиқи ин имейлҳоро ба даст овардааст. Таҳқиқи дигарбораи истифодаи сервери хусусӣ барои мукотибаи давлатӣ аз тарафи Ҳилларӣ Клинтон чанд рӯз пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико сурат мегирад.
FBI моҳи июл қазияи номаҳои Ҳиллари Клинтонро баст ва ӯро ба қонуншикание ҳам муттаҳам накард. Аз он замон то кунун қазияи имейлҳо андаке аз забонҳо рафт, вале дигарбора баъди эълони раиси Эф Би Ай дигарбора ба матбуот баргашт. Дар бораи мӯҳтавои номаҳои электронӣ чизе гуфта нашудааст ва маълум нест, то чӣ ҳад рӯи номзади Ҳизби демократҳо ба мақоми раиси ҷумҳур таъсир мегузорад. Интихобот рӯзи 8-уми ноябр баргузор мешавад.