Ироқ фурӯши нӯшокиҳои спиртиро манъ кард

Порлумони Ироқ тавлид, фурӯш ва воридоти машруботи алкоҳолиро манъ кард. Ин тарҳ рӯзи 22 октябр тасвиб шуд ва барои поймолкунандагони қонун аз 8 то 20 ҳазор доллар ҷарима пешбинӣ шудааст. Тарафдорон мегӯянд, ин тарҳ иҷрои Қонуни асосии Ироқ ҳаст, ки таъкид дорад, ҳеҷ қонун набояд мухолиф бо шариати ислом бошад. Мухолифон мегӯянд, дар Қонуни асосии кишвар ҳуқуқ, урф ва одати ақаллиятҳои динӣ низ кафолат дода шудааст. Бештари аҳолии Ироқ мусалмон ҳастанд, вале дар баробари онҳо ҳазорҳо нафар аз пайравони масеҳият ва адёни дигар ҳам ба сар мебаранд.