Тамрини зиддитеррористии Тоҷикистону Чин дар Ишкошим

Ишкошими Бадахшони Тоҷикистон

Тамрини муштарак ва зиддитеррористии нерӯҳои Тоҷикистону Чин рӯзи 20 октябр дар ноҳияи Ишкошими Бадахшон шурӯъ шуда, то чаҳор рӯзи оянда идома хоҳад кард. Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 19 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, машқи зиддитеррористӣ дар ҳудуди тамрингоҳи Шитарв баргузор мешавад.

Тоҷикистну Чин, ки дар гузашта асосан аз ҳамкориҳои тиҷоратӣ мегуфтанд, дафъаҳои ахир аз ҳамкориҳои низомии бештар ҳарф мезананд.

Мақомоти ҳукумати Бадахшон низ бо баргузории ҷаласае гуфтанд, ин тамрин бар асоси нақшаи таъйидшуда аз тарафи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад ва ҳадафаш таҳкими марз бо Бадахшони Афғонистон аст, ки тайи ду соли охир ба минтақаи ноамн ва маҳалли ҷангҷӯён табдил шудааст. Мақомот нагуфтанд, дар ҷараёни ин тамрин аз чӣ навъ техникаҳои низомӣ истифода шуда ва чӣ теъдод аз сарбозону афсарон иштирок мекунанд.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон 1300 километр хатти марз дорад, ҳамеша аз ноамниҳои ин кишвари ҳамсоя нигарон аст. Дар як соли охир вазъ дар шимоли Афғонистон ноамн шуда, чандин минтақа зери назорати ҷангиёни мухолифи давлат, аз ҷумла Толибон, гузаштааст. Ҳукумати Тоҷикистон пайваста таъкид мекунад, ки марз бо Афғонистон таҳти назорати шадид аст ва дар сурати хатарҳои эҳтимолӣ, нерӯҳои ин кишвар омода ҳастанд, бо душман муқовимат кунанд.

Аксар сокинони Ишкошими Тоҷикистон ҳам бовар доранд, бо вуҷуди таҳдидҳо вазъ дар марз идорашаванда аст. Саид Саломатов, сокини 55-солаи ин ноҳия қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, новобаста ба он ки онҳо дар марз бо Афғонистон ба сар мебаранд, вале худро амн эҳсос мекунанд. Вай гуфт, “мардум бо нерӯҳои марзбонӣ ҳамкорӣ мекунад ва дар сурати рух додани кадом ҳодисаи нохуш дарҳол онҳоро хабардор мекунанд. Мо низ ҷонибдори он ҳастем, ки дар Афғонистони ҳамсоя ҳар чӣ зудтар оромӣ шавад.”

Ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон беш аз 31 ҳазор аҳолӣ дошта, зиёда аз 12 дарcади онҳо дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд. Мардуми ин минтақа асосан аз ҳисоби кишоварзӣ зиндагии худро пеш мебаранд. Аммо онҳо мегӯянд, муташанниҷ шудани вазъ дар Афғонистони ҳамсоя ба вазъи иҷтимоиашон бештар таъсир гузоштааст.

Ба гуфтаи онҳо, ним сол ба ин сӯ бозори наздимарзӣ баста шудааст, ки маъмулан мардуми ҳарду ҷониби марз ҳафтае як бор имкон доштанд моли якдигарро харидаву бифурӯшанд. Дар минтақаи Бадахшон се бозори наздимарзӣ фаъол буда, бозори Ишкошим калонтарин маҳсуб меёфт.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамтои чиниаш Си Ҷинпинг

Тоҷикистону Чин, ки дар гузашта асосан аз ҳамкориҳои тиҷоратӣ мегуфтанд, дафъаҳои ахир аз ҳамкориҳои низомии бештар ҳарф мезананд. Чин то кунун дидбонгоҳи сарҳадии "Гулхан"-ро дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, дар марз бо Афғонистон ба истифода дода, дар оғози моҳи майи сол ҷорӣ дар Душанбе низ “Хонаи афсарон”-ро дар Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки бо харҷи 100 миллион юан ё 15 миллион доллар сохта шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи сентябри имсол бо судури як қарор тарҳи созишномаи нав миёни Душанбеву Пекинро низ тасдиқ кард, ки тибқи он Чин уҳдадор мешавад, барои марзбонҳои тоҷик 7 иншооти низомӣ бунёд кунад. Тарафи Чин вазифадор шудааст, ки тарҳи сохтмони ин иншооти низомиро таҳия карда, тавассути муҳандисони худ ба иҷро расонад.

Тоҷикистону Чин узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ҳастанд ва қаблан Пекин хабар дода буд, ки тасмим гирифтааст, бо иштироки Тоҷикистону Покистон ва Афғонистон эътилофи низомии зиддитеррор ташкил кунад ва ҳамкориҳояшро барои мубориза бо терроризм дар минтақа бо ҳамсоягонаш тақвият диҳад.