Ҷӯрабек Муродов: Дар Узбакистон пазмони равуои бештар бо Тоҷикистонанд

Ҷӯрабек Муродов ва Шералӣ Ҷӯраев

Ҷӯрабек Муродов – ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ – мегӯяд, ки дар Узбакистон ба беҳтар шудани равобит бо Тоҷикистон хушбинанд. Муродов охири моҳи сентябр бо даъвати хонаводаи Шералӣ Ҷӯраев – овозхони шинохтаи Узбакистон – ба ин кишвари ҳамсоя рафта буд.

Вақте дӯстони деринаро баъди чанд сол мебинед, воқеан “носталгия” аст.

Ҷӯрабек Муродов рӯзи 9 октябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни сафараш бо бисёре аз ҳунармандони маъруф мулоқот карда, майли комили онҳоро барои беҳбуд бахшидани муносиботи Тошканду Душанбе эҳсос намудааст. “Понздаҳ-бист соли охир ин хел пазироӣ набуд. Ҳама пазмони он ҳастанд, ки зудтар марзҳо боз ва равуо бештар шавад”, - афзуд ӯ.

Озодӣ: Дар видеое, ки ҳоло дар Ютуб гардиш мекунад, дида мешавад, ки аз шумо дар Тошканд хуб истиқбол шудааст...

Ҷӯрабек Муродов: “Дар гузашта мо бисёр сафарҳои ҳунарӣ доштем. Вақтҳои охир рафтуомад кам шуда буд. Дар замони Шӯравӣ “план” буд ва мо нақшаро асосан дар ҳудуди Узбакистон иҷро мекардем. Ба Самарқанд, Бухоро, Тошканд ва водии Фарғона мерафтем, сарҷамъ мешудем. Бо бисёре аз ҳунармандони Узбакистон дӯсту бародар ҳастам. Писари хурдии Шералӣ Ҷӯраев як албоми нав баровард ва ӯву модараш хоҳиш карданд, ки дар муаррифии ин албом ҳузур пайдо кунем. Шералӣ худаш хабар надошт ва мо хостем, ки барояш “сюрприз” бошад. Мақсад аз ин ҳама чист? Мегӯянд, Худо якто, осмон якто, ҳаво яктост. Дӯстии ҳазрати Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ дар таърих намуна надорад. Аз душманӣ чӣ касе фоида дидааст? Марзҳо зудтар боз шаванду мусофирбару қатору ҳавопаймо рафта оянд. Баъди бозгашти мо аз Узбакистон даҳҳо нафар СМС фиристоданд, ки “мешудааст-ку, халқи тоҷику узбакро ҷудо карда намешавад.”

Ҷӯрабек Муродов

Озодӣ: Сафар ба Узбакистон танҳо аз иштирок дар консерти писари Шералӣ Ҷӯраев иборат буд, ё барномаҳои дигар ҳам доштед?

Ҷӯрабек Муродов: “Дидору суҳбатҳо зиёд буданд. Дар консерти овозхони маъруфи Узбакистон Озодбек ҳам иштирок кардем. Ман ба ӯ хабар надода, вориди толор шудам. Вақте чашмаш афтод, тавассути баландгӯяк эълон кард.

Комилов аз омодагии Узбакистон барои беҳбуди равобит сӯҳбат кард

Комилов аз омодагии Узбакистон барои беҳбуди равобит сӯҳбат кард

Рӯзи 29 сентябр дар Душанбе мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов баргузор шуд. ​

Панҷ ҳазор кас дар толор буданд ва аз мо хуш истиқбол карданд. Мо ҳам хурсанд, онҳо ҳам хурсанд. Ман фикр кардам, шояд бо ҳузури худ тавонистам, ки ақаллан дили панҷ ҳазор нафарро ба даст оварем. Баъд аз он дар тӯйи дӯстамон Аҳмадҷон иштирок кардем. Аз Тоҷикистон дар ин маърака Шабнаму Нигинаву Ҷонибек буданд, аз Узбакистон - Юлдузу Озодбек ва дигарон. Яъне ки даҳаи санъати Тоҷикистону Узбакистон шуд. Дӯстие, ки тақрибан бист сол боз каме коста шуда буд, барои беҳбудаш талош кардем.”

Озодӣ: Бо чӣ эҳсос ба ватан баргаштед? Фикр мекунед, муносиботи Тоҷикистону Узбакистон дубора нармиш ёфтааст?

Ҷӯрабек Муродов: “Вақте дӯстони деринаро баъди чанд сол мебинед, воқеан “носталгия” аст. Аз пушти он ки масъалаи нерӯгоҳи Роғунро барояшон нодуруст шарҳ додаанд, баъзе нофаҳмиҳо шудааст. Вақте рафтему суҳбат кардем, пазироӣ тамоман дигар буд, хурсанд буданд. Дар консерти писари Шералӣ Ҷӯраев агар дида бошед, ба саҳна Ортиқ Акаҷонов аз Хоразм, Шералӣ Ҷӯраев аз Андиҷон, мани тоҷик ва Бобомурод Ҳамдамови туркман баромада будем. Мақсад ин буд, ки мо тоҷикону узбакҳову туркманҳоро касе ҷудо карда наметавонад. Баъди консерт хоҳ бовар кунед, хоҳ не, қариб як соат фақат акс гирифтем. Ин натиҷаи хурсандӣ аст, ки чунин рафтор карданд. Чун ҳеҷ кас маҷбур накардааст, ки барои ман кафкӯбӣ карда ва акс гиранд.”

Озодӣ: Мегӯянд, дар гузашта “сафири ғайрирасмии” Тоҷикистону Узбакистон будед, рост?

Шералӣ Ҷӯраеву Юлдуз Усмонова "сафед" шуданд

Шералӣ Ҷӯраеву Юлдуз Усмонова "сафед" шуданд

Мақомоти Узбакистон овозхонҳоеро, ки аз ҳаққи ҳунарнамоӣ маҳрум шуда буданд, “афв” намуда, барояшон дубора дари кору эҷодро боз карданд.

Ҷӯрабек Муродов: “Сад фоиз. Ман сокини фахрии Самарқанду Бухоро ва минтақаҳои дигари Узбакистон низ ҳастам. Дар тамоми нишасту бархостҳо ҳамроҳ будем. Муносибат то чӣ ҳадд хуб шавад, ҳамон қадар мо ҳам фоида мебинем, онҳо ҳам. Шумо фикр мекунед, дар рӯзи якшанбе истироҳат дорам? Ҳоло пайи эҷоди як тарона дар бораи дӯстии Тоҷикистону Узбакистон ҳастам, ки бо мисраи “Тоҷику узбек аз аввал дӯсти ҷонӣ буду ҳаст” оғоз мешавад. Акнун гӯям, шояд бовар накунед. Дар Узбакистон вақти вохӯрӣ қариб ашкҳояшон рехт. Гуфтанд, куҷо он рӯзҳо, ки ба Исфара рафта, оши девзира мехӯрдем, дар Панҷакент ош мехӯрдем? Куҷо он тӯйҳо? Куҷо он рафтуомадҳо?”

Озодӣ: Ҳангоми гузаштан аз марз чиро дидед?

Ҷӯрабек Муродов: “Дар сарҳад чӣ хеле дар солҳои гузашта вазнин буд, ҳоло пурсиши сахт намекунанд. Бовар мекунед? Ҳамонҳо ҳам пазмон шудаанд. Онҳо ҳам рафтуомадро мехоҳанд. Хаёл кардам, ки ду қисмати дар понздаҳ-бист соли охир аз ҳам дурафтода боз бо ҳам наздиктар мешаванд.”