Зиёрати қабри Каримов - вожаи нав дар бахши сайёҳии Узбакистон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қабри Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, дар шаҳри Самарқанд зоҳиран ба зиёратгоҳи сокинони ин кишвар табдил шудааст. Даҳҳо нафар ҳар рӯз ба назди қабри ӯ рафта, дуову фотиҳа мехонанд. Ҳатто баъзе аз сокинони Узбакистон шӯхиомез сафар ба Самарқандро “ҳаҷҷи асғар” низ мегӯянд.