Парчами Тоҷикистонро дар Бозиҳои соҳилии Осиё барафрохтанд

Мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллоев

Дар як маросими ботантана, ки 22 сентябр дар шаҳри Дананги Ветнам барпо гардид, Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳаи Бозиҳои V соҳилии Осиё барафрохта шуд.

Дар маросими ботантанаи барафрохтани парчамҳои миллии се кишвар - Малайзия, Тоҷикистон ва Ҳиндустон - муовини аввали раиси шаҳри Дананг Данг Виет Дунг, ки ҳамзамон муовини аввали раиси Кумитаи тадорукоти бозиҳо мебошад, суханронӣ кард. Ӯ ҳайатҳои ҳарсе кишварро, ки барои ширкат дар Бозиҳои V соҳилии Осиё ба Ветнам омадаанд, хайра мақдам гуфт ва барояшон муваффақият орзу намуд.

Баъдан ҷаноби Дунг ба раҳбарони ҳайатҳои Малайзия, Тоҷикистон ва Ҳиндустон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард. Дар навбати худ аз номи ҳайатҳо ба муовини аввали раиси деҳаи бозиҳо тӯҳфаҳо эҳдо шуд.

Тӯҳфаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ба Данг Виет Дунг мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллоев супурд. Таҳти садои сурудҳои миллии Малайзия, Тоҷикистон ва Ҳиндустон бо навбат парчамҳои миллии ин кишварҳо дар деҳаи бозиҳо барафрохта шуд.

Бозиҳои V соҳилии Осиё дар шаҳри Дананги Ветнам аз 24-уми сентябр то 3-юми октябр барпо мегарданд. Дар назар аст, ки дар ин бозиҳо ҳудуди 5 ҳазор варзишгар аз 43 кишвари қора ширкат меварзанд. Ба барномаи бозиҳо 22 намуди варзиш дохил аст.

Тоҷикистонро дар ин бозиҳо ду варзишгар – Нурсултон Бозоров ва Абдуғафур Абдуллоев - дар риштаи ҷиу-ҷитсу (ҳарду аз вилояти Суғд) ва мураббӣ Алиҷон Давлатов, ки раиси Федератсияи ҷиу- ҷитсуи Тоҷикистон мебошад, намояндагӣ мекунанд.

Ҳамзамон дар шаҳри Дананг Ассамблеяи кулли Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешавад, ки дар он Муҳаммадшо Абдуллоев ширкат меварзад.

Инчунин боз як намояндаи Тоҷикистон – довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев, муовини аввали раиси Шӯрои самбои Осиё ва узви кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии самбо, ки сардори шуъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мебошад, ба ҳайси сардовари мусобиқа оид ба самбо аз рӯи барномаи Бозиҳои V соҳилии Осиё таъин шудааст ва ӯ рӯзи 27 сентябр ба Ветнам сафар мекунад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки моҳиноябри соли 2014 дар ҷазираи Пҳукети Тайланд бо ширкати варзишгарони 43 кишвар баргузор шуда буд, бо касби се медал (як тилло ва ду биринҷӣ) ҷойи 25-умро касб карда буд.