Кашфи шаҳри қадимии Кушониҳо дар Тоҷикистон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муҷассамаи кӯчаки модархудо, ки як кӯдакро ба оғӯш гирифта ва бо дасташ сари кӯдаки дигареро сила мекунад, ба даврони императории Кушониҳо тааллуқ дошта, дар харобаҳои шаҳри қадимае воқеъ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, 85-километрии пойтахти Тоҷикистон, кашф шудааст.