Марде, ки чил ҳунар дорад (ВИДЕО)

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ғуломалӣ Саидов, сокини ноҳияи Ёвон, ҳамагӣ нуҳсола буд, ки Тоҷикистон ба истиқлол расид. Вай мегӯяд, падараш дар замони Шӯравии собиқ камубеш пул дошт ва ба хотири ояндаи ин писари маъюби худ дар бонк маблағ гузошта буд. Аммо пули Шӯравӣ ва сохтори бонкии он ба ҳам рехту пулҳои гузоштаи падари Ғуломалӣ Саидовро ба сифр баробар кард. Ғуломалӣ мегӯяд, дар 13-солагӣ аз падар низ маҳрум шуд ва бо вуҷуди он ки нуқси пову даст дошт, ба зиндагӣ таслим нашуд ва касб омӯхт. Ҳоло Ғуломалӣ Саидов дар яке аз созмонҳои байналмилалӣ кор мекунад ва дар вақтҳои холигияш ба чӯбкорӣ, таъмири пойафзолу дастгоҳои барқӣ ва варзиш машғул аст.