Герасименко: Ҳар касе, ки мегӯяд пазмони Шуравӣ нест, дурӯғ гуфтааст
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ситорашинос Светлана Герасименко дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ барои кору зиндагӣ аз Украина ба Тоҷикистон омад ва баъди эълони истиқлол ва ҷудо шудани марзҳо низ дар ҳамин ҷо монд. Ӯ мегӯяд, истиқлоли Тоҷикистон бо ҷанги дохилӣ ҳамроҳ буд, вале ҷонибҳои даргир ба расадхонае, ки дар онҷо мезистанд, ҳамла накардаанд. "Боре аз яке аз ҷонибҳо пурсидем, ки чаро? Дар посух яке аз онҳо гуфт, ин ҳама дастоварди халқ аст, на моли кадоме аз ҷонибҳо. Дар ҳақиқат, ягон бедодгарӣ дар қаламрави расадхона нашуд," – ба ёд овард Герасименко.