Поксозии Хонобод аз Толибон шурӯъ шуд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нерӯҳои Афғонистон рӯзи 21-уми август амалиёти поксозии ҷангҷӯёни Толиб аз ноҳияи стратегии Хонободро шурӯъ карданд. Рӯзи 20-уми август Толибон ин ноҳия дар вилояти Кундузи ҳаммарз бо Тоҷикистонро ишғол карданд, вале ба нерӯҳои афғон муяссар шуд, ноҳияро баъди чанд соат пас бигиранд.