Маросими пӯшидашавии Бозиҳо дар варзишгоҳи “Маркана”, ки 80 ҳазор ҷойи нишаст дорад, баргузор шуд. Дар ин маросим ҳайати Тоҷикистон низ дар қатори 205 кишвари дигари ҷаҳон ширкат варзид.
Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Бозиҳоро пӯшида эълон кард. «Чун анъана ман ҷавонони тамоми ҷаҳонро даъват мекунам баъди чор сол дар Токио ҷамъ шаванд, то ин ки мо якҷоя бо шумо кушоиши Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпиро ҷашн бигирем. То боздид, Рио», — гуфт Томас Бах.
Дар варзишгоҳи «Маракана» оташи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016-ум хомӯш шуд.
Дилшод Назаров ҳамроҳи муаббиаш Владимир Машко ва менеҷераш Кртен Либер, ҳарду шаҳрванди Ҷумҳурии Чех, рӯзи 23 август аз Рио-де-Жанейрои Бразилия ба Прага сафар мекунад.
Дар ҷараёни маросими ботантана аз майдон се ҳазор волонтёр ё ёварони ихтиёрӣ гузаштанд, баъдан паради варзишгарон баргузор шуд.Дар ин маросим муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов, узви дастаи мунтахаби олимпии кишвар, парчамбардори ҳайати Тоҷикистон буд.
Мунтахаби Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои ҷоизадори Олимпиадаи Рио бо як медали тилло дар ҷойи 54-ум қарор гирифт. Баъди натиҷагирии шонздаҳ рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар феҳрасти кишварҳои ҷоизадор мунтахаби ИМА бо 121 медал (46 тило, 37 нуқра ва 38 биринҷӣ) мақоми аввалро касб кардааст.
Британияи Кабир бо 67 медал (27 тило, 23 нуқра ва 17 биринҷӣ) дар ҷойи дувум аст. Чин бо 70 медал (26 тило, 18 нуқра ва 26 биринҷӣ) дар ҷойи севуммебошад.
Ба даҳгонаи беҳтарин, инчунин Русия (18-18-19), Олмон (17-10-15), Ҷопон (12-8-21), Фаронса (10-18-14), Кореяи Ҷанубӣ (9-3-9), Италия (8-12-8) ва Австралия (8-11-10) дохиланд.
Умуман, варзишгарони 87 кишвар медалҳои олимпии Рио-2016-ро ба даст овардаанд. Варзишгарони 59 кишвар барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ шуданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аз миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия, боз ёздаҳ кишвар - Узбакистон (4 медали тилло, 2 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ – ҷойи 21-ум),Қазоқистон (3 медали тилло, 5 нуқра ва 9 биринҷӣ – ҷойи 22-юм), Украина (2 медали тилло, 5 медали нуқра ва 4 биринҷӣ – ҷойи 31-ум), Гурҷистон (2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 4 биринҷӣ – ҷойи 38-ум), Озарбойҷон (1 медали тилло, 7 медали нуқра ва 10 биринҷӣ – ҷойи 39-ум), Беларус (1 медали тилло, 4 медали нуқра ва 4 медали бириҷӣ – ҷойи 40-ум), Арманистон (1 медали тилло ва 3 медали нуқра – ҷойи 42-юм), Тоҷикистон (1 медали тилло – 54-ум), Литва (1 медали нуқра ва 3 биринҷӣ – ҷойи 64-ум), Молдова (1 медали биринҷӣ – ҷойи 78-ум) ваЭстония (1 медали биринҷӣ – ҷойи 78-ум) - ба гирифтани медалҳои олимпии Рио мушарраф гаштанд.
Дар Олимпиадаи Рио варзишгарони се кишвари собиқи шӯравӣ - Латвия, Қирғизистон ва Туркманистон - медал ба даст наоварданд.
Зимнан, додгоҳи арбитражии варзишӣ (CAS) вазнабардори ҚирғизистонИззат Ортиқовро аз медали биринҷӣ, ки рӯзи 10 август дар мусобиқот дар вазни то 69 кг дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро гирифтааст, ба иллати истеъмоли маводи мамнуъ ё допинг маҳрум кард.
Мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ки дар Олимпиадаи Рио бо шумули ҳафт варзишгар ширкат кард, мусобиқотро бо як медали тилло ба анҷом расонд.
Ёдовар мешавем, дар рӯзи чордаҳуми Бозиҳо – 19 август - варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқоти ниҳоӣ гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва медали тилло ба даст овард. Ин барои нахустин бор аст, ки дар даврони истиқлолият як варзишгари тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон сазовори медали тиллои Бозиҳои олимпӣ мешавад.
Маросими супурдани медалҳои олимпӣ ба Дилшод Назаров, Иван Тихон (Беларус, бо нишондоди 77,79 метр медали нуқра) ва Войтсех Новитски (Лаҳистон, 77,73 метр, медали биринҷӣ) шоми 20 август дар Варзишгоҳи олимпии Рио-де-Жанейро баргузор шуд.
Шаш варзишгари дигари тоҷик - Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо, вазни беш аз 100 кг) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) - ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳайати варзишии Тоҷикистон соати 03:35-и 27 август тавассути ҳавопаймо аз Истанбули Туркия ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мерасад. Дилшод Назаров бошад, ҳамроҳи муаббиаш Владимир Машко ва менеҷераш Кртен Либер, ҳарду шаҳрванди Ҷумҳурии Чех, рӯзи 23 август аз Рио-де-Жанейрои Бразилия ба Прага сафар мекунад. Баъдан дар назар аст, ки Дилшод бо хатсайри Прага-Маскав-Душанбе рӯзи 26 август ба пойтахти Тоҷикистон мерасад.
Нарзуллоҳи Латиф,
Рио-де-Жанейро.