Додгоҳи Суғд: Як “ҳукми абад” ва “ду ҳукми сафед” дар 6 моҳ

Бинои додгоҳи вилояти Суғд.

Додгоҳи вилояти Суғд мегӯяд, ки дар 6 моҳи аввали соли равон як нафар дар ин минтақа ба ҳабси абад маҳкум гардида ва ду айбдоршаванда "сафед" шудаанд.

Бино ба иттилои додгоҳи вилояти Суғд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ додгоҳҳои минтақаи шимолии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 2 ҳазору 201 парвандаҳои шаҳрвандӣ, хонаводагӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ кардаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 463 адад зиёд аст.

Анварҷон Иброҳимзода, раиси додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 5 август гуфт, ки нисбат ба 766 нафар, аз ҷумла 9 нобоғиғ ва 20 зан ҷазои ҳабс таъин шуда, танҳо як нафар ба “ҳабси абад” маҳкум шудааст.

Ба гуфтаи вай, бо қарори додгоҳи вилоятӣ Олим Раҳматов, раҳбари як гурӯҳи 7-нафарӣ ба ҳабси абад маҳкум шуд. Додгоҳ ӯро ҳамроҳи 6 аъзои хонаводааш барои қатли 5 аъзои хонаводаи тиллофурӯш Бобоевҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва содир кардани дигар ҷиноятҳои "махсусан вазнин", гунаҳкор донист.

Ҷаноби Иброҳимзода дар мавриди “ҳукмҳои сафед” афзуд, ки ду ҳукми сафед ба айбдорӣ ба бандҳои “айбдоркунии хусусӣ”, марбут аст. Дар ин гуна мавридҳо шаҳрванд метавонад бевосита ба додгоҳ муроҷиат кунад ва тафтиши пешакӣ анҷом дода намешавад. Ҳамин тавр, ду нафар ба додгоҳҳои Исфараву Ғафуров муроҷиат намуданд ва таҳқиқи додгоҳӣ онҳоро бегуноҳ донист ва “сафед” кард.”

Вале аз нигоҳи ҳуқуқшинос Бахтиёр Насруллоев, ин гуна “ҳукмҳои сафед”-ро метавон шартан пазируфт. Ба ақидаи ин коршинос, додгоҳҳо дар асл ягон ҳукми пурраи "сафед" дар нисбати айбдоршавандаҳо содир накардаанд.

Ба гуфтаи ин ҳуқуқшинос, ҳарчанд мутобиқи қонунгузории имрӯза парвандае, ки аз рӯи шикояти бевоситаи шаҳрванд ба додгоҳ дар мавриди аз ҷониби касе мавриди таҳқиру тавҳин қарор гирифтани ӯ боз мешавад, “ҷиноятӣ” маҳсуб меёбад, вале ин гуна парвандаҳо дар додгоҳ мисли парвандаи шаҳрвандӣ баррасӣ мешавад. Додгоҳ аризаи он шаҳрвандро барои айбдории касе беасос дониста, радд мекунад ва дар назди ҷомеа эълон мекунанд, ки "бубинед, мо ду ё се ҳукми сафед баровардем."

Насруллоев меафзояд: “Лекин парвандаеро, ки бевосита бо тасдиқи хулосаи айбдорӣ аз тарафи муфаттиш таҳия шуда, бо тасдиқи додситон барои бозбинӣ ба додгоҳҳо равон карда мешавад, аз ҷониби додгоҳҳо нисбат ба ягон айбдоршаванда ҳукми сафед содир карда намешавад. Ҳар сол чанд ҳукми “қисман сафед” аз ҷониби додгоҳҳои Тоҷикистон содир мешавад, яъне айбдоршавандаро, ки тафтишоти аввалия вайро аз рӯйи чанд банди Кодекси ҷиноӣ айбдор кардааст, танҳо аз рӯйи ягон банд сафед мекунанд. Вале инро намешавад “ҳукми сафед” номид.”

Ҷаноби Насруллоев, мустақил набудани мақомоти додгоҳӣ дар Тоҷикистон ва ба дастури мақомоти иҷроия фаъолият доштани онро сабаби аслии талош накардани додгоҳ барои исботи бегуноҳии айбдоршавандагон ва содир нашудани ягон “ҳукми сафед” нисбат ба онҳо меномад.

Вай афзуд: “Аз сӯи дигар, содир шудани ҳукми сафед нисбат ба ягон шаҳрванди айбдоршаванда бо қарори додгоҳ маънии онро дорад, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба он шаҳрванд ғайриқонунӣ боз карда шудааст."

Ба гуфтаи ҳуқуқдонҳои тоҷик, ҳарчанд Қонуни асосии кишвар ҳокимияти судиро шохаи мустақил эълон кардааст, вале дар асл системаи додгоҳӣ дар Тоҷикистон мустақил нест ва додрасҳо на интихоб, балки аз ҷониби раиси ҷумҳур таъин мешаванд.