Маросими ифтитоҳи ботантанаи Олимпиадаи Рио-2016, ки дар варзишгоҳи «Маракана»-и Рио-де-Жанейро 5 август соати 19:55 ба вақти маҳаллӣ (6 август соати 03:55 ба вақти Душанбе) шуруъ шуд ва чор соат идома ёфт.
Дар ин маросим, ки хеле ҷолибу пуршукӯҳ сурат гирифт, Мишел Темер, муваққатан иҷрокунанаи вазифаи президенти Бразилия, Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпиро кушода эълон кард. Карлос Нузман, раиси Кумитаи олимпии Бразилия, зимни суханрониаш дар ин маросим гуфт, ки Рио аз унвони "пойтахти олимпӣ" ифтихор дорад.
Баъдан Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ба бразилиҳо барои дар сатҳи баланд баргузор кардани Олимпиада дар замони барои ин кишвар мушкил изҳори сипос намуд. Ӯ аз ҳамаи ширкаткунандагони мусобиқот даъват кард ҳамдигарро ҳурмат намоянд ва афзуд, ки "қувваи мо дар ягонагист".
Дар паради маросими ифтитоҳи Бозиҳо ҳайати Тоҷикистон аз рӯи алифбои мизбонон 182-юм буд. Ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҳарду дар риштаи дзюдо), Анвар Юнусов (бокс), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) – дохиланд.
Гурзандози машҳур Дилшод Назаров, барандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, ки ҳамроҳи ду мураббиаш субҳи рӯзи 5 август аз Прага ба Рио-де-Жанейро омад, дар ин маросим парчамбардори ҳайати Тоҷикистон буд. Олимпиадаи навбатӣ барои ӯ чорумин ба шумор меравад.
Дар Бозиҳои олимпии Рио намояндагони 206 кишвари ҷаҳон, ва ҳамчунин тими паноҳҷӯён барои бори аввал дар Олимпиада иштирок намуда ва дар 28 риштаи варзиш рақобат мекунанд.
Бразилия нахустин кишвари Амрикои Лотинӣ мебошад, ки Бозиҳои олимпӣ дар он баргузор мешаванд. Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро сарварони 45 кишвари дунё ширкат карданд, ки ин нисбат ба Бозиҳои соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон хеле кам аст.
Охири моҳи июл вазири корҳои хориҷии Бразилия Жозе Серра эълон намуд, ки дар ин чорабинӣ иштироки сарварони танҳо 45 кишвар дар назар аст, ҳарчанд шумораи расмӣ ба хотири амният гуфта нашуда буд.
«Сарварони кишварҳо ва одамон аз мамлакатҳои дигар барои ба Бразилия сафар кардан чандон завқманд нестанд, зеро ки ин кишвар дар айни ҳол ақиб меравад ва бояд мушкилоти худро ҳал намояд», — иброз доштааст профессори таърихи Донишгоҳи Бразилиа Амадо Серву.
Маросими ифтитоҳи Олимпиадаи Риоро дар қатори сарварони дигар кишварҳо, инчунин президенти Фаронса Франсуа Олланд, президенти Аргентина Маурисио Макри, ҳамтои ӯ аз Парагвай Орасио Мануэл Картес Хара, сарвазири Италия Маттео Ренси ва дигарон дар варзишгоҳи “Маракана” тамошо карданд.
Ёдовар мешавем, дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Пекин-2008 сарварони 80 кишвар иштирок доштанд, ки ин шумораи рекордӣ буд. Дар чунин чорабинӣ дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 сарварони 70 кишвари олам ширкат кардаанд.
Рӯзи 3 август президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва раиси Кумитаи олимпии Бразилия Карлос Артур Нузман аз ситораи футболи ҷаҳонӣ бразилиягӣ Пеле (номи аслиаш Эдсон Арантис ду Насименту) хоҳиш карданд, ки оташи Бозиҳои олимпии Рио-2016-ро дар варзишгоҳи “Маракана” фурӯзон намояд.
Ҳарчанд Пелеи 75-сола, ки моҳи декабри соли гузашта дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷарроҳӣ шудааст ва бе асобағал роҳ гашта наметавонад, бо хушҳолӣ розигӣ дода ва гуфта буд, ки ин барои ман ифтихори бузург аст.
Аммо танҳо чанд соат пеш аз оғози маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ гузориш шуд, ки Пеле бинобар вазъи саломатиаш наметавонад машъали бозиҳоро фурӯзон намояд. Пеле рекордсмен оид ба шумораи ғалаба дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аст. Ӯ се бор (солҳои 1958, 1962 ва 1970) барандаи Ҷоми ҷаҳонии футбол шудааст.
Дар Олимпиадаи Рио-2016 аввалин рекорди ҷаҳонӣ гузошта шуд, ки он ба Ким У Ҷин аз Кореяи Ҷанубӣ дар риштаи камонварӣ марбут аст.
Аз байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда муштзан Анвар Юнусов вориди рақобат мешавад. Бар асоси қуръакашӣ, ки рӯзи 4 август баргузор шуд, рақиби ӯ дар нахустин даври интихобии мусобиқоти бокс дар вазни то 60 килограмм варзишгари Чин Ҷун Шан мебошад.
Ҷун Шан барои Анвар Юнусов ошност. Имсол ҳарду бо ҳам дар вазни то 60 килограмм ду бор рақобат кардаанд. Қувваозмоии аввал дар мусобиқоти интихобии олимпии қораи Осиё дар Чин бо пирӯзии Ҷун Шан хотима ёфта буд.
Дар мусобиқоти ҷаҳонии олимпӣ, ки моҳи июн дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – баргузор шуд, Анвар Юнусов қасоси бохтро гирифт.
Қувваозмоии ҳарду дар Олимпиадаи Рио бегоҳи 6-уми август соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ ва соати 1-и шаби 7-уми август ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.
Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Рио-2016
6-16 август, бокс
Анвар ЮНУСОВ, дар вазни то 56 кг
10 август, дзюдо
Комроншоҳи УСТОПИРИЁН, дар вазни то 90 кг
12 август, дзюдо
Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ, дар вазни +100 кг
11-12 август, шиноварӣ
Олим ҚУРБОНОВ, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни мардон
12-13 август, шиноварӣ
Анастасия ТЮРИНА, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон
15-17 август, варзиши сабук
Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон
17, 19 август, гурзандозӣ
Дилшод НАЗАРОВ
20 август, маросими супурдани медалҳо ба ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаи гурзандозӣ баргузор мешавад.
Нарзуллоҳи Латиф,
Рио-де-Жанейро