Вазорати дифои Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки ба падару модари сарбози ҳалокшуда Фирдавс Раҳматов 5000 сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кунад. Ин қарори Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 5 август содир шуд, аммо наздикони Фирдавс Раҳматов мегӯянд, даъвои онҳо то ҳадди лозим қонеъ карда нашудааст ва ба зинаҳои болотари додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.
Хуршеда Раҳимова, як намояндаи Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки баррасии шикояти волидони Фирдавс Раҳматов баъд аз тақрибан як ҳафтаи танаффус рӯзи ҷумъа дар Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе ҷараён гирифтааст. Фирдавс Раҳматов 7 июни соли 2015 ҳангоми хидмати ҳарбӣ дар сафи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳалок шуда буд.
Бар асоси қарори додгоҳ, дар ивази 238 ҳазору 800 сомоние, ки волидони Фирдавс Раҳматов ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ талаб карда буданд, Вазорати дифои Тоҷикистон муваззаф карда шуд, ба онҳо 5000 сомонӣ пардохт намояд. Дар ин мурофиа вакилони созмони Эътилофи созмонҳои ҷамъиятӣ зидди шиканҷа аз ҳуқуқи наздикони Фирдавс Раҳматов ҳимоят карданд.
Дилафрӯз Самадова, вакили дифои наздикони Фирдавс Раҳматов ба Радиои Озодӣ гуфт, “адолати додгоҳӣ барқарор нашуд ва ин маблағ, ки додгоҳ таъин кардааст, хеле ночиз аст." Ба қавли ӯ, падару модари сарбози кушташуда норозӣ монда ва аз болои ин ҳукми додгоҳ шикоят мебаранд.
Фирдавс Раҳматов, ки дар қисми ҳарбии 04080 Вазорати дифои Тоҷикистон дар Конибодом хизмат мекард, рӯзи 7 майи соли 2015 ба хизмат даъват шуд ва расо баъди як моҳаш – рӯзи 7 июн ҷасадаш ба волидонаш супурда шуд.
Дар моҳи октябри соли гузашта Додгоҳи ҳарбии гарнизони Суғд cе сарбозро дар лату кӯбу марги Фирдавс Раҳматов гунаҳкор донист ва ҳар яке аз онҳоро мутаносибан аз 17 то 18 сол ба зиндон маҳкум карда буд. Сержант - Раббонӣ Сулаймонов ба 18 сол, сержант -Комрон Раҳимов ба 17.5 ва сарбози қаторӣ- Айём Назаров ба 17 соли ҳабс дар зиндони низомаш пурзӯр, маҳкум шуданд.
Дар пайи ин ҳодиса, Вазорати дифоъ се фармондеҳи қисми низомии 04080 - фармондеҳони полк, баталйон ва як ротаи қисми низомиеро, ки сарбоз - Фирдавс Раҳматов дар он ҷо ҳалок шудааст, ба далели хунукназарӣ аз иҷрои вазифа барканор намуд.