Юсуф Раҳмон: Ба эҳёи ҳукми қатл назари мусбат дорам (ВИДЕО)

Юсуф Раҳмон

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 4 август зимни нишасти хабарӣ дар посух ба саволи журналист оид ба эҳтимоли бардошта шудани мораторий ба ҳукми қатл, гуфт "дар робита ба ҷорӣ шудани ҳукми қатл дар Тоҷикистон назари мусбат дорад".

Додситони кулл гуфт: "Ман ба ин масъала назари мусбат дорам. Масъала ин аст, ки Тоҷикистон узви эъломия аст (эъломияи манъи иҷрои ҳукми қатл). Вале ман, ҳамчун прокурори генералӣ, тарафдори инам, ки ҳукми қатл нисбати ҷинояткорҳои ислоҳнашаванда, онҳое, ки ҷиноятҳои махсусан сангин, аз ҷумла кушторҳои барқасдонаи чандин нафар ваё табаддулоти давлатӣ мекунанд, татбиқ шавад".

Ба таъкиди додситони кулл, инки Тоҷикистон ба унвони узви Конвенсияи байналмилалӣ ӯҳдадориҳои худро дорад, масъалаи дигар аст, вале онҳое, ки даст ба ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла кӯшиши табадулоти давлатӣ мекунанд ва амалҳои террористӣ анҷом медиҳанд, дар нисбати онҳо ҳукми қатл бояд ҷорӣ карда шавад.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додситони кулли Тоҷикистон дар бораи ҳукми қатл

Изҳори назари додситони кулли Тоҷикистон дар мавриди эҳёи ҳукми қатл дар кишвар дар ҳоле садо медиҳад, ки Тоҷикистон дар соли 2004 ба ҳукми қатл моратория ё таҳрим эълон кард ва онро баъдан ба ҳабси якумрӣ иваз намуд. Аз он сол то ба ҳол додгоҳҳои Тоҷикистон барои ҷинояткорон ҳукми қатл содир намекунанд ва то ҳол ҳеҷ кас эъдом ҳам нашудааст.

Вале истифодаи ҳабси якумра ё ҳабси абад ҳамчун алтернативаи асосии ҳукми қатл дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Ононе, ки ба ҳабси абад маҳкум мешаванд, мавриди афв қарор нагирифтаанд ва қарор ҳам нахоҳанд гирифт.​