Таҳдиди ҷарима барои риоя накардани меъёри забони тоҷикӣ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз хабарнигорони тоҷик даъват кард, ки меъёри забони давлатиро риоя кунанд, вагарна ҷарима хоҳанд шуд. Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, рӯзи 1 август гуфт, барои ҳисобу китоби иштибоҳи расонаҳо гуруҳи махсус таъсис ёфтааст ва ҳамаи барномаҳои радио, телевизион ва нашрияҳои кишвар таҳти назоратанд.