Комроншоҳ ва Муҳаммадмурод дар Рио ба сабқат омода мешаванд

Паҳлавонони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ба мусобиқоти ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ омодагӣ мебинанд.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 килограмм рӯзи 10 август воиди рақобат мешавад. Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бошад, дар вазни беш аз 100 килограмм рӯзи 12 август қувваозмоӣ хоҳад кард.

Дар айни ҳол ҳарду гуштигири тоҷик, ки дар Деҳаи олимпӣ ба сар мебаранд, ба Олимпиада омода мешаванд. Ҳаррӯз онҳо ду бор тамрин мекунанд. Субҳ дар толори варзишӣ ба тарбияти бадан машғул мешаванд. Баъдан дар толори гуштӣ рӯи татами ё гилем таҳти назорати мураббиён Владимир Елчанинов ва Усто Устопиров тамрин мекунанд.

“Мо тӯли 45 рӯз дар шаҳри Хуҷанд ва мавзеъҳои кӯҳии вилояти Суғд омодагӣ дидем ва нақшаҳое, ки доштем ба ҷо овардем. Дар ин ҷо бошад, шогирдон, аслан он усулҳоеро, ки азбар карда буданд, такрор менамоянд. Мо, мураббиён, тамринашонро назорат мекунем, хатоҳояшонро мегӯем ва онҳо мекӯшанд, ки иштибоҳҳоро ислоҳ намоянд. Одатан, дар давраи кӯтоҳи пеш аз мусобиқоти олимпӣ ҳар як варзишгар аз рӯи нақшаи инфиродӣ амал мекунад ва худро набояд хаста созад. Бинобар ин, ҳангоми тамрин гуштигир бештар ба иҷрои такрори усулҳо машғул мешавад. Рӯзи 5 август қуръакашӣ дар риштаи ҷудо барпо мегардад. Баъди он ки рақибони паҳлавонони тоҷик маълум шуданд, мо бар асоси нақшаи нав муқобили ҳар яки онҳо сару кор мегирем”, - иброз дошт мутахассиси маъруфи русиягӣ Владимир Елчанинов, мураббии варзидаи ҷудо, зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Зимнан, шогирди ӯ Расул Боқиев, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар Олимпиадаи Пекин-2008 оид ба ҷудо дар вазни то 73 килограмм барандаи медали биринҷӣ гардида, дар Олимпиадаи Лондон-2012 мақоми панҷумро касб кардааст.

Усто Устопириён, падар ва мураббии аввалини Комроншоҳ, ба “Озодӣ” гуфт, ки ӯ ба Рио-де-Жанейро бо ду писараш омадааст. Оқои Устопиров афзуд, “ Ба Комроншоҳ писари дигари ман Фаридун ҳангоми машқ ҳариф ҳисоб мешавад. Аз ин рӯ, Комроншоҳ барои такрори усулҳо бо бародараш қувваозмоӣ мекунад. Инчунин Комроншоҳ бо Муҳаммадмурод, ҳарчанд вазни ӯ гаронтарин аст, иҷрои усулҳоро намоиш медиҳанд. Воқеан, ман соли 2010-ум дар мулоқоти варзишгарон бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода будам, ки фарзандам Комроншоҳ дар Олимпиадаи Бразилия медали тилло ба даст меорад. Бо ин мақсад мо хеле омодагии хуб дидаем ва умедворем, ки ба Ватан бо ҷоиза бармегардем ва ин тӯҳфае мешавад ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизи мо.”

Комроншоҳи Устопириён, ки ба назари мутахассисони ҷудо имкони ба даст овардани ҷоизаи Бозиҳоро дорад, ба “Озодӣ” гуфт, “ман кӯшиш мекунам, ки дар Олимпиада пирӯзӣ ба даст биёрам ва Парчами миллии Тоҷикистон барафрохта шавад.”

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, ки ба мисли Комроншоҳи Устопириён барои аввалин бор ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ мушарраф шудааст, дар суҳбат бо “Озодӣ” аз иштироки худ дар ин мусобиқоти бузургтарини варзишии олам изҳори хушҳолӣ карда, иброз дошт, “ҳар як варзишгар ба Олимпиада, ки барояш қуллаи баландтарин дар варзиш аст, бо мақсади пирӯзӣ меояд, ман ҳам истисно нестам. Зеро гуфтаанд, “сарбозе, ки орзуи генерал шуданро надорад, сарбози хуб нест.”

Дар айни ҳол аз ҳафт варзишгари тоҷик, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии кишвар дохиланд, шаш нафар - Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҳарду дар риштаи дзюдо), Анвар Юнусов (бокс), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), инчунин Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) бо мураббиёни худ дар Деҳаи олимпӣ зиндагӣ ва машқ мекунанд.

Гурзандоз Дилшод Назаров ва ду мураббиаш рӯзи 3 август ба Рио-де-Жанейро меоянд. Зимнан, Дилшод Назаров парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки 5 август дар варзишгоҳи “Маракана”-и Рио-де-Жанейро баргузор мешавад, интихоб шудааст. Олимпиадаи навбатӣ барои ӯ чорумин ба шумор меравад.

Ба иттилои Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикисон, ки сардори дастаи мунтахаби олимпии кишвар мебошад, рӯзи 1 август дар Деҳаи олимпӣ маросими барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия аз 5 то 21 август барпо мегарданд. Ҳоло дар ин ҷо фасли зимистон аст ва ҳарорати ҳаво аз +18 то +25 дараҷа мебошад. Варзишгарони тоҷик ба Бразилия пештар омадаанд, то ин ки ба иқлими ин ҷо мутобиқ шаванд.

Дар назар аст, ки дар ин Бозиҳо 10500 варзишгар аз 206 кишвар ширкат мекунанд. Дар қиёс бо Бозиҳои XXX тобистонаи олимпии соли 2012-ум дар Лондон ба барномаи Олимпиадаи Рио-2016 ду намуди нави варзиш – голф ва регби-7 – дохил шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол сар аз соли 1996 ширкат меварзанд. Ба ин тартиб, барои шашумин бор аст, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ беҳтарин варзишгарони кишвар намояндагӣ мекунанд.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Рио-2016

6-16 август, бокс

Анвар ЮНУСОВ, дар вазни то 56 кг

10 август, дзюдо

Комроншоҳи УСТОПИРИЁН, дар вазни то 90 кг

12 август, дзюдо

Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ, дар вазни +100 кг

11-12 август, шиноварӣ

Олим ҚУРБОНОВ, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни мардон

12-13 август, шиноварӣ

Анастасия ТЮРИНА, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон

15-17 август, варзиши сабук

Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон

17, 19 август, гурзандозӣ

Дилшод НАЗАРОВ

20 август, маросими супурдани медалҳо ба ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаи гурзандозӣ баргузор мешавад.

Нарзуллоҳи Латиф,

Рио-де-Жанейро.