Котиби давлатии ИМА вазирони Осиёи Марказиро дар Вошингтон пазироӣ мекунад

Нишасти гурӯҳи "5+1" дар Самарқанд баргузор шуда буд

Вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷон Керрӣ мушкилу чолишҳои минтақаиро дар Вошингтон баҳсу баррасӣ мекунанд.

Нишасти навбатии гурӯҳи “5 + 1” ҳафтаи оянда дар Вошингтон ва бо ҳузури Ҷон Керрӣ, котиби давлатии Амрико ва вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Ба ин гурӯҳ вазири умури хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва раиси идораи сиёсати берунаи ИМА шомиланд.

Хабари баргузории нишасти навбатиро Даниэл Розенблум, ёвари Котиби Давлатии ИМА дар умури Осиёи Марказӣ рӯзи 28 июл зимни мусоҳибаи онлайнӣ бо хабарнигорони Осиёи Марказӣ эълон кард.

Ба гуфтаи ҷаноби Розенблум, “дар ин нишаст, агар вазирони умури хориҷии Осиёи Марказӣ мувофиқат кунанд, оғози 5 тарҳи муштарак эълон хоҳад шуд".

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҷонибҳо дар нахустин нишасти гурӯҳи “5 + 1” дар тирамоҳи соли гузашта дар Самарқанд роҷеъ ба даст ёфтан ба натиҷаҳои мушаххас ба мувофиқа расида буданд. Даниэл Розенблум афзуд, ки “ҳадафи гурӯҳи “5 + 1” андешидани чораҳо алайҳи чолишҳоест, ки пешорӯи кишварҳо қарор доранд. "Ба ин манзур дар нишасти Самарқанд тавофуқ шуд, ки дар чор бахш – иқтисод, тағйирёбии иқлим, амният ва ҳуқуқи башар фаъолият хоҳем кард. Гурӯҳи корӣ низ ташкил шуд ва аллакай дар Бишкек ва Алмаато бо ҳам мулоқот карданд. Ҳамакнун дар нишасти 3 август дар Вошингтон онҳо 6 тарҳи муштаракро пешниҳод мекунанд. Агар раҳбарони ҳайатҳо розӣ бошанд, мо ҳатман ҷузъиёти ин тарҳҳоро эълон мекунем”, гуфт ёвари вазири умури хориҷии ИМА.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ҷаноби Розенблум, нишасти гурӯҳи “5 + 1”, ки барои аввалин бор дар Вошингтон доир мешавад, мулоқт бо тоҷирону намояндагони бахши хусусиро дарбар мегирад ва осори фарҳангии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба намоиш гузошта мешавад.

Дар шаҳри Самарқанд Ҷон Керрӣ бори аввал бо вазирони умури хориҷии ҳамаи панҷ кишвари минтақа – Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дидор дида гуфтугӯ карда буд.

Нуқтаи меҳварии ин сафар нишасти Самарқанд дар формати нави “С 5+1” буд, ки вазирони хориҷаи Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ моҳи сентябри соли гузашта дар Ню-Йорк таъсис доданд.

Ҷон Керрӣ дар Самарқанд бо раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов мулоқот карда буд

Дар эъломияи ниҳоии ин нишаст тааҳҳуди ин вазирон ба ҳалли масоили доғи минтақа –аз беҳбуди ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар масоили энержӣ, тиҷорат ва транзити молу коло, то чолишҳои зистмуҳитиву амниятӣ, аз мубориза бо терроризму кумак ба пешрафти Афғонистон то ҳимояти ҳуқуқи башар ва тақвияти ниҳодҳои демокративу ҷомиаи шаҳрвандӣ зикр шудаанд.

Сафари Керрӣ ба ин минтақа дар ҳоле сурат гирифта буд, ки ҳафтае аз он пеш сарвазири Ҷопон Шинзо Абэ дар ҷараёни чунин як сафар бо кишварҳои ин минтақа ба маблағи тақрибан 26 миллиард доллар қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расонд. Чин – як абарқудрати дигар – инак ду даҳсола аст, батадриҷ ва ба таври собит ҷои пояшро дар ин қаламрав бо ироаи миллиардҳо доллар сармоя ба иқтисодҳои ташнаи пулу таваҷҷӯҳи Осиёи Марказӣ мустаҳкам мекунад.

Русия, ки дар ин минтақа ҳузур ва нуфузи таърихӣ дорад, дар ин авохир аз тариқи тарҳи Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё ва ваъдаи кумакҳои чандсадмиллиондолларӣ ба хусус ба бахшҳои низомиву амниятии кишварҳое, чун Тоҷикистон, низ талош дорад, ҷойгоҳи худро дар Осиёи Марказӣ ҳадди ақал гум накунад.

Дар муқоиса бо ин сели сармояву кумакҳое, ки бозигарони дигар ба Осиёи Марказӣ мерезанд, дар ҷараёни сафари Ҷон Керри ба минтақа кадом рақами бузурге садо надод, ки чунин ҷалби таваҷҷӯҳ кунад. Ва аз ҷумла дар доираҳои ҳокими ин қаламрав.

Таҳлилгарон мегӯянд, дар ҳар сурат, доираҳои ҳокими Осиёи Марказӣ, бахусус, дар пасманзари ҳаводиси Украина, ки Русия вилояти Қримашро дар соли 2014 тасарруф кард, ба Ғарб ва бавижа ба Амрико ҳамчун ба қудрате умед мебанданд, ки метавонанд тавозунро дар муқобили нуфузҷӯиҳои қудратҳои дигар, бавижа Русияву Чин, нигоҳ бидоранд. Онҳо маҷбуранд ҳузури Маскавро дар ин арса истиқбол кунанд ва ба далели набуди манобеи дигар дасти дарози ёриҳои иқтисодии Пекинро низ бипазиранд, вале дар айни замон дарҳои худро ба рӯи марказҳои дигари қудратманд, ба мисли Брюссел ва Вошингтон низ бастанӣ нестанд. Ва аммо ҳар кадоме аз ин кишварҳо умедворанд, ки Аврупо ё Амрико ба инҷо дасти холӣ нахоҳад омад.

ИМА соли 1992, дар пайи суқути Иттиҳоди Шӯравӣ бо ҳамаи 5 кишвари Осиёи Мароказӣ равобити дипломатӣ барқарор кард. Вошингтон дар ин муддат танҳо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар ёриҳои аксаран билоиваз расондааст. Душанбе ҳамин тавр, аз тариқи ниҳодҳои байналмилалии молӣ, ба мисли Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ, ки саҳми асосиро дар онҳо Амрикову муттаҳидонаш доранд, беш аз 1 миллиард доллари дигар қарзҳои боимтиёз ва ёриҳои билоиваз дарёфт кардааст.