Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, таҳти пайгарди Интерпол - пулиси байналмилалӣ - қарор гирифтааст. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар ин бора рӯзи 22 июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, "мо бо мақомоти Интерпол барои боздошт ва истирдоди Муҳиддин Кабирӣ суҳбат доштем ва ҳоло ӯ аз сӯи пулиси байналмилалӣ ҷустуҷӯ мешавад." Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоми мушаххас алайҳи раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ суҳбат накард, аммо гуфт, онҳо бо кишварҳое, ки эҳтимол меравад Муҳиддин Кабирӣ аз ҳудудашон убур кунад, низ дар бораи боздошт ва истирдоди ӯ ҳамкорӣ доранд.
"Дар маҷмуъ, 342 шаҳрванди Тоҷикистон таҳти пайгарди Интерпол ҳастанд, ки 275 нафари онҳо аъзои гуруҳҳои ифротгарову террористӣ ҳастанд," - илова кард вазир. Вале дар сомонаи Интерпол расман 160 зодаи Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ буда, дар миёни онҳо номи Муҳиддин Кабирӣ дида намешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ҳанӯз моҳи марти соли гузашта ба дунболи интихоботи порлумонӣ, ки дар он ин ҳизб ҳарду курсиашро аз даст дод, аз кишвар хориҷ шуда буд. Вай то замони боздошти ҳамҳизбонаш дар моҳи сентябри соли 2015 дар Туркия ба сар мебурд, аммо бар пояи охирин хабарҳои расида, ҳоло дар яке аз кишварҳои аврупоӣ қарор дорад.
Рӯзи 17-уми сентябри соли гузашта Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ӯро дар даст доштан дар ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, айбдор дониста буд. Дар ин изҳорот аз ҷумла гуфта мешуд, ки "Назарзода А.М. тайи солҳои охир бо мақсади амалӣ намудани кирдорҳои ҷиноятии худ бо дастур ва роҳбарии бевоситаи Муҳиддин Кабирӣ беш аз 20 гурӯҳи хурди ҷиноятӣ ташкил намуда, онҳоро бевосита роҳбарӣ менамуд. Тасмими охирин дар бораи ҳуҷумҳои мусаллаҳона давраи моҳи августи соли 2015 сурат гирифта, бо ин мақсад тавассути фондҳои бо ном хайриявии доираҳои муайяни кишварҳои хориҷӣ маблағҳои калони пулӣ ворид шудааст."
Муҳиддин Кабирӣ баъдан дар вокуниш ба ин изҳороти Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, ки "ман ин иттиҳомотро комилан рад мекунам. Ман ва ҳизби ман ба ин ҳаводис иртиботе надорем. Барои онки маро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор бидиҳанд, ба онҳо лозим аст, то моро ба ошӯбе, ки мо ба он ягон робита надорем, бипайванданд."