Барои президенти Туркманистон деҳаи "муваққатӣ" сохтанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон барои кушодани деҳаи навбунёд ба вилояти Лебапи кишвараш сафар кард. Барои ӯ мулоқоти олӣ ташкил карда, ба кӯчаҳои деҳа гардонида, хонаҳои нав ва бозори пур аз маҳсулотро нишонаш додаанд. Намоиши чандҳазорнафарӣ барои як бинанда ташкил шудааст.