Дар ин бора вазири нақлиёти Русия Максим Соколов дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Санкт-Петербург иттилоъ дод. Аз ин пеш нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ба вазорати нақлиёт ва дигар ниҳодҳои давлатӣ амр кард, ки тайи як ҳафта пешниҳодҳои худ дар бораи азсаргирии парвозҳо миёни Русия ва Туркияро таҳия кунанд ва дар онҳо ба таъмини амният дар нақлиёт аҳамияти вижа дода, аз ташкили парвоз дар хатсайрҳое, ки хатари ҳамлаи террористӣ зиёд аст, парҳез намоянд.
Баъди 8 моҳи бӯҳрони дипломатии байни Маскаву Анкара субҳи 9 июл нахустин ҳавопаймои чартерии Русия дар фурудгоҳи Анталияи Туркия нишаст. Ҳавопаймои “Российские Авиалинии” аввалин гурӯҳи сайёҳони русро баъди он ба Туркия овард, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар поёни моҳи июн расман таҳрими сайёҳӣ бо Туркияро аз байн бардошт.
Аз охири соли гузашта, баъд аз моҷарои маҳви ҳавопаймои низомии русии СУ-24 аз сӯи ҳавопаймои туркӣ, тирборони яке аз халабонҳо ва баҳси дар қаламрави Туркия ё Сурия нобуд сохтани ин ҳавопаймо, Маскав ҳама робитаҳои иқтисодӣ бо Анқараро қатъ кард ва ба сайёҳони рус дастури сарпечӣ аз истироҳат дар фароғатгоҳҳои Туркияро дод.
Аммо рӯзи 30 июн дар пайи дарёфти номаи ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки ба гуфтаи Маскав, дар он барои суқути ҳавопаймо узрхоҳӣ мешуд, Путин дастур дод то роҳи саёҳат ба Туркияро аз нав боз шавад.
Дар ҳамин ҳол баъзе таҳлилгарон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки азсаргирии парвози ҳавопаймоҳои чартерӣ ба Туркия ба осоишгоҳҳои соҳили баҳрии Русия зарба хоҳад зад.
Аммо Ирина Тюрина, сухангӯи Иттиҳодияи сайёҳии Русия, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, ин нигарониҳоро беҳуда хонд ва гуфт, ҳанӯз маълум нест, ки парвози ҳавопаймоҳои чартерӣ кай аз сар гирифта мешаванд. Ваъдаҳое аз қабили «ба зудӣ» маъние надоранд, мо ним сол боз ва аз он ҳам бештар ин гуна ваъдаҳо дар бораи эҳёи ба зудии парвозҳо ба Мисрро мешунавем, вале тағйире нест, мегӯяд ӯ. Ирина Тюрина меафзояд, "агар парвози ҳавопаймоҳои чартерӣ, бигирем, моҳи июл ҳам шурӯъ шаванд, ин барои фароғатгоҳҳои ватанӣ таъсири ҷиддие нахоҳад дошт, зеро ҳама роҳхатҳо ба осоишгоҳҳои соҳили баҳрии дохили Русия аллакай фурӯхта шудаанд ва гумон аст, ки касе, бигирем аз дамгирӣ дар Сочӣ ба хотири истироҳат дар Туркия, сарпечӣ кунад – гап сари он ки даст кашидан аз роҳхат бидуни ҷарима ғайримумкин аст ва табиист, ки касе намехоҳад пулаш талаф ёбад, ба вижа, агар барои аҳли хонаводааш роҳхат харида бошад".
Аммо дар сурати эҳёи парвозҳои чартерӣ дар ду моҳи тирамоҳ - сентябр ва октябр шаҳрвандони Русия фақат ба Туркия хоҳанд рафт, зеро дар ин айём ҳаво дар фароғатгоҳҳои Русия сард аст. "Вале, боз ҳам такрор мекунам, мо ҳанӯз намедонем, ки парвозҳои чартерӣ кай шурӯъ мешаванд – пешниҳодҳоро дар бораи ин парвозҳо бояд то охири ин ҳафта таҳия кунанд, сипас ин пешниҳодҳо як муддат баррасӣ мешаванд ва маълум нест, ки онҳоро мепазиранд ё на. Дар сурати пазируфта шудани ин пешниҳодҳо муассисаи "Росавиатсия" бояд ба парвоз барои ҳар ширкати ҳавопаймоиро дар алоҳидагӣ иҷоза диҳад, мегӯяд мусоҳиби мо. .
Хонум Тюрина дар идомаи сӯҳбат афзуд, ки вазъият соли оянда комилан тағйир хоҳад кард ва дар сурати эҳёи парвозҳо ба Туркия талабот ба фароғатгоҳҳои ватанӣ шадидан коҳиш хоҳад ёфт. Ба гуфтаи ӯ, мардум Туркияро интихоб хоҳанд кард, зеро дар он ҷо сатҳи хизматрасонӣ хело болотар аст ва сифати меҳмонсароҳо низ дигар асту дар онҳо истироҳати «All Inclusive»-ро пешниҳод мекунанд. Фароғатгоҳҳои соҳили баҳрии Русия, ки ин гуна хизматрасониро пешкаш мекунанд, ангуштшуморанд ва қимати роҳхатҳо дар онҳо ба карат болотар аст
Ирина Тюрина афзуд, имсол бар асари бӯҳрони иқтисодӣ бештари шаҳрвандони Русия аз истироҳати дуввум, ки маъмулан дар ҷойҳои таърихӣ ва хушманзари дохили кишвар мегузашт, худдорӣ намуданд.
Дар ҳоле, ки парвози мунтазами ҳавопаймоҳои чартерӣ аз Русия ба Туркия шурӯъ нашудааст, ширкатҳои сайёҳии Русия фурӯши роҳхатҳо бо парвоз аз тариқи ҳавопаймоҳои тиҷоратиро ба роҳ мондаанд.