Ҷанозаи Киёрустамиро ба хок супурданд

Рӯзи 10 июл дар маросими дафни коргардони маъруфи эронӣ Аббос Киёрустамӣ дар Теҳрон ҳазорон нафар, бо шумули ҳунармандону равшанфикрон ширкат карданд. Киёрустамӣ рӯзи 4 июл дар синни 76 аз бемории саратон дар Порис даргузашт. Аббоси Киёрустамӣ танҳо коргардони эронист, ки соли 1997 барои филми “Таъми гелос”-аш сазовори “Нахли тилоӣ” – шоҳҷоизаи ҷашнвораи Канн шуд. Ҷанозаи Аббоси Киёрстамиро дар оромгоҳи Лавасон дар шимолушарқи Теҳрон ба хок супурданд.