Муҷозоти 4 масъули "Агроинвестбонк"-и Ховалинг

Чаҳор масъули шӯъбаи "Агроинвестбонк" дар Ховалинг аз сӯи додгоҳи ин ноҳия барои "тасарруфи молу мулки ғайр" ва "сохтакорӣ", муҷозот шудаанд. Додгоҳи Ховалинг ҳафтаи гузашта раиси шӯъбаи "Агроинвестбонк" дар ин ноҳия Раҷабхӯҷа Бозоров, сармуҳосиб Шариф Муродов, муҳосиб Меҳриддин Саидов ва хазинадор Хиробон Маҳмадалиеваро муҷозот кард.

Аз котиботи додгоҳи ноҳияи Ховалинг рӯзи 8-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин афрод барои азхудкунии молу мулки ғайр, сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ, ҳамчунин сӯистифодаи ваколат, гунаҳкор дониста шуданд. Додгоҳ Хиробон Маҳмадалиеваро ба муддати 5 солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум кард ва се нафари дигарро дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ҷарима намуд.

Додгоҳи Ховалинг мегӯяд, сабаби оғози парвандаи ҷиноӣ дар нисбати масъулони шӯъбаи “Агроинвоестбонк”, натиҷаи санҷиши фаъолияти ин бонк дар соли гузашта мебошад, ки аз тарафи аудиторҳои Бонки миллӣ сурат гирифт.

Ҳангоми пурсиш яке аз айбдоршавандаҳо -- Хиробон Маҳмадалиева худро гунаҳкор шуморида ва эътироф кардааст, ки аз маблағи камомади ошкоркардаи аудиторон қисми зиёдашро тасарруф намуда, 10120 сомониашро ба мудири хазина Муродов Шариф додааст ва ӯ маблағи гирифтаашро бозпас нагардонидааст.

Ҳамчунин, Хиробон Маҳмадалиева дар давоми фаъолият ба раиси шӯъба Раҷабхӯҷа Бозоров 17100 сомонӣ барои хароҷоти шӯъба додааст. Вай дар давоми моҳҳои август-ноябри соли 2015 қисм-қисм ба Раҷабхӯҷа Бозоров дар ҳаҷми 10 000 доллар додааст, ки ин ҳама боиси камомади маблағ дар филиал шудааст.

Додгоҳ мегӯяд, ки баъдан як гурӯҳи санҷишгарон аз шӯъбаи «Агроинвестбонк» дар Кӯлоб дар филиали ин бонк дар Ховалинг санҷиш гузаронида дар натиҷа, дар хазинаи бонк 1045944,84 сомонӣ, 2508199 рубли русӣ ва 46335 долларро ҳамчун маблағи камомад, ошкор кардаанд. Хиробон Маҳмадалиева ба дигар шахсон бе ҳуҷҷат додани маблағҳоро иқрор шуда ва хоҳиш кардааст, ки барои барқарор кардани маблағ ба ӯ мӯҳлат дода шавад.

Тавре додгоҳ мегӯяд, раиси "Агроинвестбонк" Муродалӣ Алимардонов ба масъулони филиали ин бонк дар Ховалинг барои барқарор кардани маблағҳо 10 шабонарӯз мӯҳлат медиҳад, аммо дар ин муддат Хиробон Маҳмадалиева қисми маблағ -- 18 000 сомонӣ, 57 500 рубли русӣ ва 1700 долларро баргардонида ва маблағҳои боқимондаро барқарор карда натавонистааст.

Аудитҳои такрорӣ дар моҳи декабри соли 2015 сол ба ин натиҷа расиданд, ки маблағҳои камомад баробар ба 1 миллиону 243 ҳазору 637 сомонӣ, 2 миллиону 450 ҳазору 699 рубл ва 44 ҳазору 635 доллар будааст ва пас аз барқарор карда натавонистан, мақомоти умури дохилаи ноҳияи Ховалинг дар авоили соли равон масъулони филиали "Агроинвестбонк"-ро дастгир намуда, натиҷаи тафтишотро ба Додситонии кулл фиристоданд.

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, 5-уми апрели соли ҷорӣ бар асоси санадҳои тафтишотӣ дар нисбати раиси филиали “Агроинвестбонк” Раҷабхӯҷа Бозоров, сармуҳосиб Шариф Муродов, муҳосиб Саидов Меҳриддин Бадридинович ва хазинадор Хиробон Маҳмадалиева парванда боз карда ва ба додгоҳи Ховалинг ирсол доштанд. Дар ҳафтаи гузашта додгоҳ дар нисбати онҳо муҷозот таъин кард.