Додгоҳи ноҳияи Файзобод 7 июл ба муҳокимаи Парвиз Салимзода шуруъ кард, ки худро мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ намуда, дар чанд тағйироти кадрӣ дар ин ноҳия "саҳм" гирифтааст. Ин сокини 25-солаи Файзобод се моҳ пеш боздошт шуда ва ба иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулл, барои "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" муттаҳам мешавад.
Ҷузъиёти пурраи ин парванда дар даст нест. Аммо Зиёрат Акрамзода, муовини аввали раиси Файзобод, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, Салимзода аз ҷумла барои аз вазифа гирифтани бригадири хоҷагии "А.Назиров" ба ӯ занг зада ва таҳдид карда буд.
"Парвиз Салимзода моҳи марти соли ҷорӣ ба раҳбари хоҷагии "А.Назиров"-и ноҳия фишор овардааст, ки бригадир Фаттоҳ Саидовро аз вазифааш озод карда, ба ҷои ӯ шаҳрванд Мирзо Гуловро таъин кунад. Вақте посухи рад гирифтааст, ба ҳайси "мушовири президент" ба ман занг задааст," - мегӯяд ӯ.
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, нафари муттаҳам, ба сардори бахши кишоварзии ҳукумати Файзобод С.Шамсов низ телефонӣ тамос гирифта, аз болои раиси хоҷагии "А.Назиров" шикоят кардааст. Ӯ хостааст, ки раиси ин хоҷагӣ барканор ва ба ҷояш Шарифов И. таъин гардад.
Бино ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, баъдан муовини аввали раиси ноҳияи Файзобод Зиёрат Акарамзода "итоаткорона аризаи Шарифов И.-ро барои раиси хоҷагии “А.Назиров” таъин шуданаш гирифта, ба раиси ноҳия пешниҳод кардааст."
Додситонии кулл мегӯяд, ки Парвиз Салимзода чанд сол пеш ба ҷурми қаллобӣ ба зиндон маҳкум шуда ва бар асоси қонуни афв озод гардида буд. Аз ҷумла, рӯзи 27 декабри соли 2013 ба боварии Шаҳрбону Эвазова, сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ барои аз зиндони Русия ба маҳбаси Тоҷикистон овардани ҳамсараш 3100 доллар (ба қурби онвақта 14 ҳазору 780 сомонӣ) гирифта, вале дар ин замина коре накардааст. Салимзода Шаҳрбонуро дар ҳавопаймо, ҳангоми бозгашт аз Русия, дида ва за вазъияташ хабардор шудааст.
Дафтари матуботи Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, Парвиз Салимзода худро натанҳо "мушовири президент", балки дар чанд ҳолат "сардори шуъбаи 6-уми Вазорати корҳои дохилӣ" низ муаррифӣ кардааст. "Вай тавассути телефон таҳдид намуда, дар сурати иҷро шудани вазифааш маблағ мегирифтааст," - афзуд манбаъ.
Наздикону вакилони дифои Парвиз Салимзода то ҳол қазияро шарҳ надода ва нагуфтаанд, ки аз болои ин айбномаҳо шикоят доранд, ё не.
Вале ин ҳолати нахустини суистифода аз номи раисиҷумҳур ва мақомҳои дигари Тоҷикистон нест. Дар гузашта баъзе аз сокинон ба ҷурми ҷияни дурӯғини раисиҷумҳур будан ё корманди Оҷонсии зиддифасод боздошт ва ҳабс шудаанд. Моҳи январи соли ҷорӣ Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа Маҳмадалӣ Давлатшоев, сокини 36-солаи ҷамоати "Заргар"-и ноҳияи Бохтарро, ки худро худро генерал-майори Кумитаи федеролии мубориза бо фасоди Русия муаррифӣ карда ва аз сокинони минтақа маблағҳои калон ба даст меовардааст, барои даҳ сол равонаи зиндон карда буд.