Кумисёни марказии интихоботии Бритониё эълон кард, ки мардуми ин кишвар ба тарафдории хориҷ шудани Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо раъй додаанд. Дар раъйпурсии рӯзи 23 июн 52 дарсади мардум хостаанд, кишварашон аз Иттиҳодияи Аврупо ҷудо шавад ва 48 дарсад гуфтаанд, ки Бритониё бояд дар ҳайати иттиҳодия бимонад.
Дар умум теъдоди тарафдорони хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо назар ба мухолифонаш 1 миллиону 270 ҳазор нафар бештар будаанд.
Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо гуфт, Иттиҳодияи Аврупо "азм дорад, ваҳдати 27 кишвари боқимондаро" нигаҳ дорад ва аз фирорҳои оянда ҷилавгирӣ кунад. Айни замон бо шумули Бритониё Иттиҳодияи Аврупо 28 узв дорад. Доналд Туск афзуд, раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ҳафтаи оянда ҷамъ омада, "бозтоби васеътари ояндаи иттиҳодияи моро оғоз мекунанд."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нигел Фараҷ, раиси Ҳизби истиқлоли Бритониё, ки барои хуруҷи кишвараш аз Иттиҳодияи Аврупо тарғибот мебурд, гуфт, "сапедадами истиқлоли Шоҳигарии Бритониё" фарор расид. Ӯ ҳамчунин аз Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё хост, ки аз мақомаш истеъфо диҳад. Коре, ки Дейвид Кемерон гуфт, пас аз се моҳ хоҳад кард. Ӯ, ки тарафдори мондан дар ҳайати Иттиҳодияи Аврупо буд, гуфт, қасд дорад, моҳи октябр аз мақомаш истеъфо бидиҳад ва "музокирот барои тарки Иттиҳодияи Аврупо бояд зери назари нахуствазири нав сурат бигирад."
Дейвид Кемерон баъди эълони натиҷаҳои расмии интихобот гуфт, "мардуми Бритониё ба тарафдории берун шудан аз Иттиҳодияи Аврупо раъй доданд ва бояд ба хостаи онҳо эҳтиром гузошта шавад." Яке аз мушовирони Дейвид Кемерон ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ки раъйпурсӣ, Бритониёро ба самти номаълуме фиристод.
Филип Ҳаммонд, вазири умури хориҷии Бритониё гуфт, ки акнун кишвар ба тадовум ва субот ниёз дорад. Ба гуфтаи ӯ, раъйпурсӣ дигарбора масъалаи мондани Шотландия дар ҳайати Бритониёи Кабирро боз мекунад. Мардуми Шотлания ва Ирландияи Шимолӣ аксарият ба тарафдории мондани Бритониё дар ҳайати Иттиҳодияи Аврупо раъй додаанд.
Алекс Салмонд, нахуствазири собиқи Шотландия ва раҳбари пешини Ҳизби Миллии Шотландия аз Дейвид Кемерон хост, ки аз мақомаш биравад ва Шотландия ғолибан барои истиқлол дигарбора раъйпурсӣ баргузор мекунад. Аксари шаҳрҳои шимолушарқии Бритониё, ба тарафдории хуруҷ раъй додаанд, баръакси пойтахт - шаҳри Лондон, ки мардумаш хостаанд, Бритониё дар ҳайати Иттиҳодияи Аврупо бимонад.
Раъйпурсӣ дар Бритониё ин нигарониро барангехт, ки кишварҳои дигари иттиҳодия айни корро мекунанд. Жан Марк Айро, вазири умури хориҷии Фаронса гуфт, Аврупо бо вуҷуди тасмими Бритониё ба корҳои хеш идома медиҳад, вале афзуд, ки бояд барои "дубора ба даст овардани эътимоди мардум" зуд амал кард. Франкс Валтер Штенмайер, вазири умури хориҷии Олмон, 24 июнро "рӯзи ғамангезе барои Аврупо ва Бритониё" номид.
Ҳукумати Амрико гуфт, раисиҷумҳур Барака Обамаро аз натиҷаҳои раъйпурсӣ огоҳ кардаанд ва мумкин аст, ӯ рӯзи оянда бо Дейвид Кемерон сӯҳбат кунад. Манфред Вебер, вакили мардумӣ аз як ҷиноҳи бузургтарини Аврупо гуфт, ки қарори Бритониё барои ҷудо шудан аз Иттиҳодияи Аврупо "ба ҳарду тараф садамаи бузург" мезанад.
Барои берун шудан аз ҳайати иттиҳодия ду сол лозим мешавад, вале хабари раъйпурсӣ бозорҳои молии ҷаҳонро такон дод. Арзиши фунт-стерлинг дар баробари доллар ба шиддат поён омад ва 1 доллару 35 сентро ташкил дод. Рӯзе пеш як фунт ба 1 доллару 50 сент баробар буд. Қимати авроқи гаронбаҳо дар бозорҳои молии Осиё ҳам поин омад ва Таро Асо, вазири молияи Ҷопон гуфт, ки аз хатарҳои хуруҷи Бритониё барои иқтисоди ҷаҳонӣ ва бозорҳои молӣ фавқуллода нигарон аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад