Рэпсароии Ҳангомаи 16-сола "ҳангома" барпо кард (АУДИО)

Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Навори рэпсароии як духтараки ноболиғи тоҷик дар шабакаи иҷтимоии Одноклассники баҳси доғеро байни корбарон барангехтааст ва то ҳадде, ки баъзе аз корбарон ба ҷони духтари 16-сола таҳдид кардаанд.

Рэпхонии шӯхиомези як духтари ноболиғи тоҷик дар назди дугонаҳояш ва нашри он дар Одноклассники, бархе аз корбарони ин шабакаи иҷтимоиро бар зидди ӯ шӯронд, то ҷое, ки ба ҷони духтарак ҳам таҳдид карданд.

Навори 53-сониягӣ моҳе пеш ба шабакаи Одноклассники роҳ ёфт ва онро дар ин муддат 300 ҳазор бор тамошо кардаанд ва 31 ҳазор корбар наворро писандидаанду 11 ҳазор нафар зери он шарҳ навиштанд. Аммо гурӯҳе дар ин баҳс бо шарҳҳои таҳқиромез ва ин гуфта, ки “репсароӣ ба шаъни духтари тоҷик намезебад"- ба духтари 16-сола таҳдид карданд.

Ба Радиои Озодӣ муяссар шуд, ки духтараки “репсаро”- ро пайдо кунад. Ӯ Ҳангома ном дорад ва дар синфи 9-уми яке аз мактабҳои ноҳияи кӯҳистонии Ховалинг, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон таҳсил мекунад. Ҳангома рӯзи 23-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои шӯхӣ дар ҳузури дугонаҳояш репи ошиқонаи “Шон Мс”-ро суруд, вале намедонад, ки чӣ гуна ин навор ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Таҳдид ба Ҳангома барои рэпсароии шӯхиомез

Ҳангома худаш наворро дар Одноклассники надидааст ва мегӯяд, дӯстонаш ба ӯ хабар доданд, ки корбарони шабакаи иҷтимоӣ ин рафтори ӯро номуносиб ва хилофи фарҳанги тоҷикӣ номида ва “мисли ҷинояткор ба таҳқиру таҳдиди ӯ пардохтаанд.”

“Ман ягон кори баде накардам. Рэп хондаму тамом. Ман қариб 20 рэпи Шон-МС-ро аз ёд медонам ва дар ин ҷо як порчаи онро хондам. Ман рэп хондам аз ин корам пушаймон нестам, вале агар ба Интернет намепартофтанд, беҳтар буд”- гуфт Ҳангома.

Бибиҷон модари Ҳангома дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вақте духтараш фаҳмид, ки видеои “репсароиаш” ба Интернет ёфтааст, бисёр озурдаву ғамгин шуд. Ӯ мегӯяд, Ҳангома, духтари боиффат ва самимӣ аст ва мумкин аст, кадоме аз бачаҳо шухии ӯро бо нияти беобрӯ кардани духтараш дар Интернет нашр кардаанд.

Бибиҷон мегӯяд,ки духтараш кори баде накардааст, ки ӯро дашном бидиҳанд. “Духтари ман панҷ вақт намоз мехонад, Қуръон хондааст. Ягон коре накардааст, ки ин қадар қаҳри мардум зиёд шавад. Медонам инҷо як ноҳияи калоне нест ва ҳар ҳодисае шавад ҳама зуд мефаҳманд. Лекин ман духтарамро дилбардорӣ кардам, гуфтам зиқ нашав. Ба духтарам гуфтам, ки гуноҳе накардаӣ” - мегӯяд, модари Ҳангома.

Нашри беиҷозаи навор ва ё акси касе дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё Интернет ва бахусус кӯдаки ноболиғ дар Тоҷикистон ҷазо дорад. Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати шикояти расмӣ, мақомот метавонанд, афроди паҳнкунандаи навор ва ҳам таҳқиркунандаҳоро пайдо кунанд ва ба ҷавобгарӣ кашанд.

“Ҳамчунин роҳи дигараш ҳам ҳаст, ки баъди шикояти корбарон, масъулони ширкати “Майл.ру” ва шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” ҳастанд, метавонанд ин наворро пок кунанд” - гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Бар асоси Кодеси ҷиноии Тоҷикистон, “барои ғайриқонунӣ ҷамъ овардан ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ”, ҷаримаҳои бузург ва ё то як соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст. Таронаҳои рэп дар байни ҷавонон ва бахусус ноболиғон дар Тоҷикистон тарафдори зиёд дорад, вале аксари рэпсароён писарон ҳастанд.

Дар ҷомеаи муҳофизакори кишвар аксарият ба ин назаранд, ки репсароӣ хоси духтарон нест ва зоҳиран ҳамин хурофот ва бовари шахшуда, сабаб шудааст, ки барои як шӯхии аёми наврасӣ корбарони Интернет ба духтараки 16-сола таҳдиди куштан кунанд.