Имоми масҷиди деҳаи Ат-Чабари вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ба гумони дастдарозӣ ба номуси писари даҳсола боздошт шудааст. Мақомоти пулиси вилояти Ҷалолобод мегӯянд, дар ин бора Салима, модари писар, расман муроҷиат кардааст ва ҳоло таҳқиқи қазия идома дорад.
Худи Салима дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ин имом дар ҳамсоягии онҳо зиндагӣ дошт ва тасодуфан фаҳмидаанд, ки писарашон муддатҳо боз таҳти фишору бадрафтории имом қарор дорад. “Ӯ ба писарам бо корд таҳдид кардааст, ки ба касе дар ин бора лаб накушояд. Ҳоло мефаҳмем, ки қариб як сол боз бо писарам бадрафторӣ доштааст,” – афзуд ӯ.
Салима мегӯяд, ки писараш аз ин рафтори имом зарбаи сахти равонӣ дидааст ва ҳоло ӯро ба назди пизишкон мебаранд. Ба қавли ӯ, “имоми масҷид гоҳе ба писарам 50 сом (муодили панҷ сомонӣ) дода ва гоҳе дигар бо таҳдид дастдарозӣ кардааст. Тасодуфан касе ин ҳолатро дида ва ба шавҳарам хабар дод. Писарам мегӯяд, ба хотири бадном нашудан муддатҳо боз хомӯш буд. Вале ман расман ба пулис муроҷиат кардам.”
Миктибек Турдубеков, сухангӯи идораи пулиси вилояти Ҷалолобод мегӯяд, дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ӯ гуфт, “ҳоло имом дар боздошт аст ва корҳои тафтишотӣ идома дорад.”
Наздикону вакили дифои имоми 58-сола аслан ин қазияро шарҳ надода ва аз суҳбат дар ин замина худдорӣ карданд. Вале муфтии вилояти Ҷалолобод Абдулазиз Зокиров мегӯяд, имоми масҷиди деҳаҳоро онҳо таъин намекунанд ва бинобар ҳамин дар бораи ӯ иттилои кофӣ надорад. “Имоми деҳаҳоро имомони ноҳияҳо таъин мекунанд. Мо бо наздикони имом суҳбат кардем ва онҳо гуфтанд, ки дар бораи ин ҳодиса иттилоъ надоранд. Вале бовар доранд, ки имом барои чунин бадрафторӣ қодир нест ва набояд як чунин ҷиноятро содир карда бошад,” – афзуд Зокиров.
Дар муфтиёти вилояти Ҷалолобод гуфтанд, ки баъди рӯи об баромадани ин қазия маъракаи фаҳмондадиҳӣ миёни имомони масоҷид бештар шудааст. Абдулазиз Зокиров гуфт, “Ислом дини пок аст. Дар ин мавридҳо хеле эҳтиёткор бояд буд ва аз рӯи бархӯрди номуносиби баъзе афрод набояд динро зери тозиёнаи танқид гирифт.”
Ғуфрониддин Зуҳриддинов, имоми ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолобод, ки рустои Ат-Чабар дар ҳудуди он воқеъст, мегӯяд, имоми боздоштшударо ӯ таъин накарда буд. Баръакс, ба қавли ӯ, “вай бе ягон қарор кор мекард. Бо хоҳиши худаш дар намозҳои панҷвақта ба ҳайси имом пеш мегузашт. Ҳоло ки тафтишот идома дорад, нуқтаи назарамонро баъди анҷоми он қисса хоҳем кард. Имоми пешина барои муҳоҷират ба Русия рафта буд.”
Баъд аз ин ҳодиса намояндагони мақомоти маҳаллӣ дар рустои Ат-Чабар ҷаласаи вижа доир карда ва аз мардум хостаанд, ки дар ин замина сарусадои зиёд барпо накунанд. Раҳбари деҳаи Ат-Чабар Аваз Норалиев мардуми русторо ба ягонагӣ даъват карда ва гуфтааст, “бояд оромӣ нигоҳ дошта шавад. Ҳаргуна овоза накунед ва ба иғво дода нашавед, то нерӯи севум аз он ба нафъаш истифода накунад. Ҳоло мо дар бораи он ки кӣ гунаҳкор асту кӣ бегуноҳ чизе гуфта наметавонем. Дар ҳоли ҳозир имом танҳо як гумонбар аст.”
Дар Қирғизистон солҳои охир ҳолатҳои бадрафторӣ нисбат ба кӯдакону наврасон зиёд ба қайд гирифта шудааст ва барои ҳамин фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод доранд, ки муҷозоти “педофилҳо” шиддат бахшида шавад. Қаблан Қазоқистон ахта кардани “педофилҳо”-ро қонунӣ карда буд.