Русия боз ним сол зери бори таҳримҳо мемонад

Сафирони Иттиҳодияи Аврупо, бо вуҷуди даъватҳо барои нарм кардани бархӯрд бо Маскав, тамдиди таҳримҳо алайҳи ин кишварро ҳамоҳанг карданд

Дар нишасте дар шаҳри Люсембург рӯзи 21 июн сафирони 28 кишвари узв ба натиҷае расиданд, ки таҳримҳо алайҳи Русия то охири моҳи январи соли 2017 боқӣ бимонанд.

Таҳримҳо алайҳи Русия ду сол пеш дар вокуниш ба илҳоқи нимҷазираи Қрими Украина аз сӯи Русия ва пуштибонии Маскав аз ҷудоихоҳони рустабори Донбасс ҷорӣ шудаанд.

Тасмими сафирони Иттиҳодияи Аврупо барои тамдиди таҳримҳо алайҳи Русия бояд рӯзи 24 июн дар ҷаласаи аз сӯи вазирони умури хориҷа ва ҳафтаи оянда аз сӯи сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо тасдиқ карда шавад. Мӯҳлати таҳримҳо алайҳи Русия моҳи июл поён меёбад.

Чанд рӯз пеш Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи нимҷазираи Қрими Украинаро ҳам, ки соли 2014 аз сӯи Русия ишғол шудааст, то 23 июни соли 2017 тамдид кард. Бастаи таҳримҳо – манъи воридоти маҳсулот аз Қрим бидуни сертификати украинӣ, манъи ҳамкориҳо бо нимҷазира дар бахшҳои нақлиёт, мухобирот ва энерҷӣ, аз ҷумла, дар истихроҷи нафту газро дарбар мегирад.

Ширкатҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳақ надоранд, ки ягон соҳа ваё ширкатҳои нимҷазираи Қримро сармоягузорӣ кунанд.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел барои ҳифзи таҳримҳо пойфишорӣ дорад ва қаблан аз кишварҳое чун Словакия, Маҷористон ва Италия хоста буд, ки мухолифати худ ба тамдиди таҳримҳоро барои шаш моҳи дигар мавқуф гузоранд. Бино ба хабарҳо аз Люксембург, ин се кишвар ба боқӣ мондани таҳримҳо то поёни моҳи январи соли оянда розӣ шуданд.

Дар ҳамин ҳол ақидаҳое, ки таҳримҳо алайҳи Русия бояд ба тадриҷ аз байн бурда шаванд, ҳатто дар долонҳои ҳукумати Олмон баён мешаванд. Вазири умури хориҷаи ин кишвар Франк-Валтер Штайнмейер ахиран пешниҳод кард, ки ҳамзамон бо таҳкими раванди сулҳ дар шарқи Украина Иттиҳодияи Аврупо бояд таҳримҳо алайҳи Русияро ботадриҷ коҳиш диҳад.

Сенати Фаронса хостори лағви ботадриҷи таҳримҳо алайҳи Русия шуд

Аз ин пеш вакилони парлумони Фаронса ҳам барои зина ба зина аз байн бурдани таҳримҳо алайҳи Русия раъй дода буданд. Аммо вазири умури хориҷии Фаронса Жан-Марк Эйро рӯзи 20 июн изҳор намуд, ки ҳукумат аз боқӣ мондани таҳримҳо алайҳи Русия пуштибонӣ мекунад, зеро Русия ва Украина ҳанӯз ба иҷрои нуктаҳои асосии созиши Минск муваффақ нашудаанд.

Раиси Комиссиюни Аврупо Жан-Клод Юнкер ҳафтаи гузашта ҳузураш дар форуми иқтисодии Санкт-Петербургро бо зарурати боз гузоштани хатти робита бо Маскав марбут кард ва аммо гуфт, ки ҷонибдори тамдиди таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия аст.

Дар ҳамин ҳол Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина рӯзи 21 июн изҳор намуд, ки барои фишор болои Русия ва таъмини оташбас дар Донбасс дар пояи созиши Минск чорае ба ҷуз таҳримҳо алайҳи Маскав нест. Ӯ дар нишасти хабарии муштарак бо раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд дар Порис афзуд, «мо мехоҳем Аврупоро нерӯманд ва муттаҳид бубинем. Ин кафолати он аст, ки Иттиҳодияи Аврупо рушд хоҳад кард ва ин мутобиқ ба хостаҳои мо, хостаҳои ҳамаи украиниҳост.Ҳамчунин мо мехоҳем, ки Аврупои ҳамдил бо Украинаро бубинем". Сарвари Украина изҳори итминон кард, арзишҳое, ки Иттиҳодияи Аврупоро муттаҳид кардаст, беосеб ҳифз мешаванд ва Аврупо ҳама мушкилҳоро пушти сар карда, дар оянда ҳам нерӯманду муттаҳид боқӣ мемонад.

Дар вокуниш ба тамдиди таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия изҳор намуд, ки пайванди тамдиди таҳримҳо бо иҷрои созиши Минск аз сӯи Русия мантиқӣ нест. Аз нигоҳи ӯ, масъулияти иҷрои созиши Минск пурра бар дӯши Киев аст.