Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилаи Афғонистон гуфт, дар ин ҳамла, ки субҳи 20 июн рӯй дод, 14 муҳофиз аз Непал кушта ва ҳашт нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Яке аз захмиён дар ин ҳодиса ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфт, ки муҳофизон аз Непал таъмини амният дар сафорати Канадаро бар ӯҳда доштанд. Дар ҳоле, ки онҳо аз қароргоҳашон дар канори шоҳроҳи Кобул-Ҷалолобод берун шуда савори микроавтобус мешуданд, маргталаб ба онҳо наздик шуд ва маводи таркандаро инфиҷор кард.
Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки микроавтобус ба як ширкати амниятии хориҷӣ тааллуқ дошт ва аммо аз ифшои номи ширкат худдорӣ карданд.
Сухангӯи ҷунбиши «Толибон» Забеҳуллоҳ Муҷоҳид тасдиқ кард, ки ҳамларо мусаллаҳи ин гурӯҳ анҷом додааст. Ӯ дар Твиттер навишт, ки ҳадафи ҳамла «ишғолгарони хориҷӣ» буданд.
Сиддиқ Сиддиқӣ дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ бо таассуф гуфт, бо вуҷуди талошҳои масъулинони полису амниятӣ ҳамлаҳои хунбор аз сӯи толибон рӯй медиҳанд. Масъала ин аст, ки террористҳо дар байни мардуми оддӣ дар либоси оддӣ пинҳон мешаванд ва аз рӯ ташхиси онҳо хело мушкил аст, ҳарчанд полис ва нерӯҳои амниятии Афғонистон барои ошкор кардани онҳо ва ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳо талоши зиёд мекунанд, мегӯяд ӯ.
Сиддиқ Сиддиқӣ меафзояд, боло рафтани сатҳи хушунат аз сӯи толибон ба он далел аст, ки "душманон дар набардҳо бо нерӯҳои давлатӣ дар вилояти Қундуз, дар Бадахшон, дар Бағлон талафоти зиёд доданд ва раҳбарашон ҳам аз байн рафтааст ва онҳо бо ҳамин гуна ҳамлаҳои террористӣ мехоҳанд ҳадди худро нишон диҳанд".
Дар ҳамин ҳол Басир Муҷоҳид, сухангӯи полиси шаҳри Кобул, мегӯяд, ба назар мерасад, ки ҳамла ба муҳофизон аз Непал пешакӣ тарҳрезишуда буд – маргталаб қаблан реҷаи муҳофизонро омӯхта субҳи барвақт ба назди қароргоҳи онҳо рафта буд.
Аммо, бар пояи хабарҳо аз Афғонистон, рӯзи 20 июн боз ҳадди аққал ду ҳамлаи дигар сурат гирифт. Таркиши боз як бомб дар Кобул боиси ҳалокати як нафар ва захмӣ шудани панҷ кас гардид. Дар ин ҳодиса як узви Шӯрои шаҳрӣ ҳам маюрӯҳ шудааст ва ҳадс зада мешавад, ки маҳз ӯ ҳадафи ҳамла қарор дошт.
Дар як ҳамлаи дигар дар шимолу шарқи Афғонистон, бомбаи дар мотосикл ҷойгузоришуда ба риштаи умри 20 сокини осоишта миқроз зад. Мақомоти Афғонистон масъулияти ин ҳамлаҳоро низ бар дӯши толибон вогузоштанд.
Наҷиб Маҳмуд, коршиноси сиёсии муқими Кобул, дар ҳамлаҳои ахир дар кишвар мақомоти амниятӣ ва кашфро айбдор мехонад, ки, ба гуфтаи ӯ, дар бораи дар куҷо пинҳон шудану чӣ нерӯ доштани бисёр гурӯҳҳои толибон иттилои кофӣ дорад, вале барои маҳви онҳо шитоб намекунад.
Ёдовар мешавем, ду моҳ пеш дар канори шоҳроҳи Кобул-Ҷалолобод ҳамлаи террористие сурат гирифта буд, ки дар он даҳҳо нафар кушта ва садҳо нафар захмӣ шуда буданд. Он вақт дар назди бинои хадамоти амнияти Афғонистон мошини боркаше таркид, ки аз сӯи террористи маргталаб идора мешуд, Сардори пулиси Кобул Абдулраҳмон Раҳимӣ гуфта буд, ки дар ин ҳодиса асосан сокинони осоишта кушта шудаанд, зеро мошин дар истгоҳи оммавии назди хадамоти амният таркидааст.
Аввалҳои моҳи июн бошад толибон ба бинои додгоҳи вилояти Ғазнӣ ҳамла карданд - дар ин даргирӣ 10 нафар, аз ҷумла 5 ғайринизомӣ ва як корманди пулис кушта шуданд. Ба иттилои расмӣ, аввал як маргталаб худро дар даромадгоҳи додгоҳ тарконд ва сипас се ситезаҷӯ вориди дохили бино шуданд. Масъулияти ҳамларо ҷунбиши "Толибон" бар дӯш гирифта, онро интиқом барои иҷрои ҳукми эъдоми шаш тан аз аъзои қаблан аз сӯи додгоҳ маҳкумшудааш номид.