Хатар ба 4 медали тиллои варзишгарони қазоқ

Дастаи олимпии Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Баъд аз санҷиши такрории допинг ё доруҳои нерӯзо дар бадан, чаҳор нафар варзишгарони Қазоқистон, ки дар Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2012 дар Лондон медали тилло ба даст оварда буданд, имкон дорад аз ин медалҳо ва унвони қаҳрамони олимпӣ маҳрум шаванд. Дар он сурат онҳо наметавонанд дар бозиҳои олимпии Рио де Женейро низ ширкат кунанд.

Дар феҳристи Федератсияи байналмиллалии вазнабардорӣ дар ин бора номҳои Иля Илин, Светлана Подобедова, Зулфия Чиншанло ва Майя Манеза низ дохил шудааст. Дар ин феҳрист ҳамчунин се варзишгари дигар аз Беларусу Русия ва якнафарӣ аз Озарбойҷону Украина низ ҳастанд.

Дар мусоҳибае аз Руслан Меделбек, шореҳи варзишии бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар Алмаато пурсидам, оё ба ин хабар ниҳодҳои варзишӣ ва ё ҳукумати Қазоқистон вокунише нишон додаанд?

Меделбек: Вазорат ва Федератсияи вазнабардории Қазоқистон тавзеҳоте нашр мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо то охир аз варзишгарони худ дифоъ хоҳанд кард. Онҳо мегӯянд, ки 27 июн ҷаласаи Кумитаи байналмиллалии олимпӣ баргузор мешавад ва дар он сарнавишти қаҳрамонони варзиши Қазоқистон ҳал хоҳад шуд. Дар ин ҷаласа тасмим хоҳанд гирифт, ки оё ин варзишгарон ҳақи ширкат дар бозиҳои олимпии Рио де Женейро хоҳанд дошт ва ё хайр. Илова бар ин дар бораи медалҳои тиллои онҳо қарор қабул мекунанд. Пештар аз ин мақомоти расмии вазорат ва Кумитаи олимпии Қазоқистон гуфта буданд, ки онҳо огаҳинома гирифтаанд ва дар он гуфта мешавад, ки дар бадани 5 варзишгари Қазоқистон доруҳои нерӯзои мамнӯъ ошкор шудааст. Ин варзишгарон дар Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Бозиҳои олимпии Лондон ширкат ҷуста буданд. Дар огаҳиномаи аввал гуфта буданд, ки ба ин феҳрист Иля Илин, қаҳрамони чаҳоркаратаи ҷаҳон дар вазнабардорӣ ва Зулфия Чиншанло қаҳрамони вазнабардории олимпӣ дар байни занон ҳастанд. Вале имрӯз ба ин феҳрист ду қаҳрамони дигари олимпӣ -- Светлана Подобедова ва Майя Манезаро низ дохил кардаанд. Метавонем бигӯем, ки ин як навъ зарба аст.

Радиои Озодӣ: Оё дархостҳои ҷониби Қазоқистон ба тасмимгирӣ дар Кумитаи байналмиллалии олимпӣ таъсир расонда метавонад?

Меделбек: Медонед..., ин чаҳор варзишкоре, ки номбар кардем, дар феҳристи ширкаткунандагони бозиҳои олимпии Рио 2016 низ ҳастанд. Дар бораи таъсири он чизе гуфтан мушкил аст, вале онҳо омода шудаанд ва дар Қазоқистон ҳама мегӯянд, ки се нафари онҳо довталабони аслии қаҳрамонӣ, яъне медали тилло дар Рио мебошанд ва натиҷаҳои Лондонро такрор хоҳанд кард. Қазоқистон барои даҳ вазнабардор иҷозатномаи ширкат дорад. Агар чаҳор нафари онҳо аз ширкат боздошта шаванд, дар он сурат ба ҷои онҳо шахсони дигарро бояд пайдо кунанд. Албатта, варзишгарон ҳастанд, вале онҳо барои медали тилло мубориза карда наметавонанд.

Радиои Озодӣ: Ба ҳар ҳол, агар медалҳои тиллои ин варзишгарони Қазоқистонро бо тасмими Кумитаи байналмиллалии олимпӣ бигиранд, ин медалҳоро ба кӣ медиҳанд?

Меделбек: Се медали тиллои Қазоқистон ба Русия меравад, барои он, ки онҳо се медали нуқраро гирифта буданд. Медали тиллои Зулфия Чиншанло ба Сюй Шудзин, варзишгари Тайван меравад. Вале Қазоқистон ҳамзамон метавонад соҳиби як медали биринҷӣ шавад. Ду варзишагари Беларус низ дар феҳристи допинг омадаанд. Яке аз онҳо медали биринҷӣ гирифта буд. Баъди вай варзишгардухтари қазоқ ҷой гирифта буд. Дар он сурат натиҷаҳои медалҳои Қазоқистон дар бозиҳои Лондон на чаҳор медали тилло, балки як медали биринҷӣ хоҳад буд.

Радиои Озодӣ: Оё ин вазъ ба эътибори дастаи Қазоқистон таъсир мерасонад?

Меделбек: Ҳоло Қазоқистон дар зинаи 12 қарор дорад, агар медалҳоро бигиранд, дар он сурат ба зинаи 24 мефарояд.