Фоҷиаи Флорида - имтиҳони таҳаммулпазирӣ?

“Умар ҳамҷинсгаро буд!” Иқрори яке аз дӯстони “қотили Флорида” Умар Матин фарзияи асосии куштор дар клуби шаҳри Орландои Амрикоро зери суол бурд. Бюрои федеролии тафтишоти ИМА (FBI) гуфт, ки ин хабарро тафтиш мекунад.

Рӯзномаи The Hill, чопи Вошингтон, ҳамзамон бо нашри иқрори ҳамсабақи Умар Матин аз Академияи полис навишт, ки Умар аз меҳмонони доимии клуби Pulse буд. Тай Смит, як сокини шаҳри Орландо, ба рӯзнома гуфтааст, Умар Матинро ҳадди аққл 12 бор дар Pulse дидааст ва борҳо шоҳиди он буд, ки ӯро дар ҳоли мастӣ аз клуб то ба манзилаш мебурданд. “Баъзан ӯ омада дар гӯшае танҳо менишаст ва гоҳҳо маст мешуду бехудона ҳарф мезад ва рафтораш пархошҷӯёна буд. Шояд дар хона наметавонист тавре мехост майнӯшӣ кунад», ҳадс мезанад Тай Смит.

Се тан аз мизоҷони дигари Pulse ҳам дар сӯҳбат бо The Hill гуфтаанд, ки бо Умар борҳо дар клуб рӯ ба рӯ шудаанд. Крис Коллен, як намояндаи ҷомеъаи ҳамҷинсгароҳо гуфтааст, ки Умар Матин се сол пайваста ба клуб меомад ва "боре ҳам аз бӯсобӯсии мардҳо изҳори нороҳатӣ накарда буд".

Бюрои федеролии тафтишот (FBI) рӯзи 15 июн изҳор намуд, ки хабари ҳамҷинсгаро будану пайваста ба клуб рафтани Умар Матинро тафтиш мекунад.

Умар Матин худ ҳамҷинсгаро буд?

Куштори бесобиқа дар таърихи навини Амрико шаби 12 июн рӯй дод - Умар Матин, марди 29-солаи афғонасли сокини шаҳри Орландо, дар клуби Pulse 49 нафарро кушт ва 53 каси дигарро захмӣ кард.

Пас аз фоҷиа дар Орландо бисёриҳо мегуфтанд, ки куштор ангезаи мазҳабӣ дорад ва Умар Матини ифротгаро ҷиноятро дар пояи нафрату бадбинӣ ба ҳамҷинсгароҳо анҷом додааст. Ба ин нукта падари Умар – Сиддиқ Мир Матин ҳам таъкид карда буд. Нашри матлабҳо дар бораи ҳамҷинсгаро будани қотил ин фарзияро зери суол бурд.

ҲАМҶИНСГАРО МАГАР ОДАМ НЕСТ?

Куштор дар Флоридаро Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид маҳкум кард – дар тарҳи аз сӯи ИМА таҳияшуда “ҳамла ба афрод ба хотири ҳамҷинсгаро буданашон”-ро “ғайри қобили таҳаммул” хонда шудааст. Зимнан, қабули эъломия ба осонӣ даст надод – Русия, кишварҳои африкоӣ ва мусалмонӣ мухолифи он буданд. Ба иттилои СММ, дар дасти кам 74 кишвари олам ҳамҷинсгароӣ ҷиноят маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, ҳама гуна баҳс дар робита ба ҳамҷинсгароӣ дар толори Шӯрои амният доғ мешавад.

Фоҷиа дар Орландо мавзӯи таҳаммули афродеро матраҳ кард, ки аз боқӣ ба гунае фарқ мекунанд ё тамоюли дигари ҷинсӣ доранд. Дар кишварҳои ғарбӣ муносибати ҷомеа ба ҳамҷинсгаро ё дигарбош - як шохиси сатҳи таҳаммулпазирӣ маҳсуб мешавад. Вале дар Русия, аксар кишварҳои Осиё, Ховари Миёна ва Африқо, таври маъмул, ба онҳо рӯи хуш нишон намедиҳанд. Баъзан нажодпарасту миллатгароҳо ҳамҷинсгароҳоро аз бино ё аз купрук ба поён меандозанд ва навори видеоии ин кушторҳоро дар интернет ҷой медиҳанд, мегӯяд ҳомиёни ҳуқуқи башар.

Фаридун Ҳодизода

Фаридун Ҳодизода, раиси Анҷумани муколамаи байни мазҳабҳои Тоҷикистон, мегӯяд, дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон ҳамҷинсгароҳо пуштибонӣ надоранд ва аз тарси табъиз ва "радди маърака" шудан худро ошкор намекунанд.

Рустам, як ҷавони ҳамҷингсгарои тоҷик ҳам иқрор мекунад, тарс аз беобрӯӣ ва таънаву тамасхуру таъқибу фишор онҳоро эҳтиёткор кардааст. “Мо дар хона бо оилаамон, падару модар ё акаҳоямон ё дар ҷойи кор эҳтиёт мекунем, чунки агар донанд, ки мо ҳаминхелием, муносибаташон бо мо безеб мешавад, ранге муносибат мекунанд, ки мо одами пастем ё умуман одам нестем,” мегӯяд ӯ.

Мо инро намефаҳмем, ман, масалан,ба касе кор надорам, на ба сару либосаш, на ба рафтораш, на ба зиндагияш, пас чаро моронамегузоранд, ки мо ҳам тавре мехоҳем зиндагӣ кунем, касеро дӯст дорем, ки дар ҳақиқат дӯсташ медорем, меситезад Умед, як ҷавони дигари тоҷик, ки аз ифшои насаб ва касбу кораш худдорӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, пас аз куштор дар Флорида фақат ду-се нафар аз ёру ҷӯраҳояш аз ин ҳодиса изҳори нороҳатӣ карданд ва он ҳам бо далеле, ки Умар Матин “мусалмонҳои Амрикоро зери зарба гузоштааст”.

Бино ба як гузориши Бунёди ҷаҳонии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа, дар Тоҷикистон тақрибан 30 ҳазор мардони ҳамҷинсгаро ба сар мебаранд, ки 57 дарсади онҳо бо занон низ равобити ҷинсӣ доштаанд.

БА ОТАШИ БАДБИНӢ КӢ ҲЕЗУМ МЕПАРТОЯД?

Фаридун Ҳодизода мегӯяд, ки таҳаммулнопазирӣ нисбати дигарбошҳо пеш аз ҳама аз он маншаъ мегирад, ки дини ислом ин амалро гуноҳ хондааст. Аммо як “ойини зиндонӣ” ҳам аз замони шӯравӣ дар зеҳнҳо боқӣ мондааст, ки ҳамҷинсгароҳо аз пойинтарин қишри ҷомеъаанд ва ба онҳо даст додан ё ба чизу чораи онҳо даст задан ҷоиз нест.

Гуфта мешавад, ба оташи нафрату бадбинӣ ба ҳамҷинсгароӣ баъзе аз раҳбарони кишварҳо ҳам ҳезум мепартоянд. Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, аввалҳои сол дар суханронӣ дар Шӯрои вакилони вилояти Тошканд ҳамҷинсгароиро аз "падидаҳои номарғуб"-и фарҳанги ғарбӣ номид. “Агар мард бо мард ва ё зан бо зан ҳаёти ҳамҷоя ба сар мебаранд, аниқ аст, ки чизе дар ин ҷо нодуруст аст ва ё дар ин миён дар ҳаёти онҳо дигаргуние иттифоқ афтодааст,"- афзуд Ислом Каримов.

Табиист, ки баъд аз ин изҳорот ҳамла ба ҳамҷинсгароҳо афзоиш ёфт. Чанд ҳафта пеш дар Telegram наворе пайдо шуд, ки дар он як полиси узбак як каси табдили ҷинс намуда ва ба тан либоси занона доштаро бо алфози қабеҳ дашном медод ва латукӯбаш мекард.

Дар аксар ҷумҳуриҳои шӯравӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон, аз рӯи банди 121-и Кодекси ҷиноӣ барои робитаи ҷинсии мард бо мард 5 соли зиндон муқаррар шуда буд. Ҳамхобагӣ аз роҳи таҳдиду зуроварӣ, бо наврас ё бо сӯиистифода аз мақом бошад то 8 соли маҳрумият аз озодиро дар пай дошт. Баъд аз истиқлол бештари ин ҷумҳуриҳо муҷозотро аз Кодекси ҷиноӣ берун ё мӯҳлати онро кам карданд. Айни ҳол дар Узбакистон барои робитаи мард бо мард 3 соли маҳбас ва дар Туркманистон барои ин амал 2 соли маҳбас пешбинӣ шудааст.

Аммо дар Афғонистон, Эрон, Арабистони Саъудӣ, Мавритания, Нигерия, Судон ҳамҷинсгароҳоро эъдом мекунанд. Дар Малайзия барои ҳамҷинсгароӣ 20 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Зимнан, дар ҳеҷ яке аз ин кишварҳо қонун дар бораи таҳаммулпазирӣ қабул нашудааст.

Ҳамҷинсгароҳо дар Озарбойҷон

Дар ҳамин ҳол Озарбойҷон бадтарин макони Аврупо барои зиндагии ҳамҷинсгароҳо, лесбиянҳо ва намояндагони дигар аққалиятҳои ҷинсӣ унвон шуд. Дар раддабандии ILGA-Europe Rainbow Index, ки вазъи ақалиятҳои ҷинсиро пайгирӣ мекунад, гуфта мешавад, Озарбойҷон танҳо ба 5 дарсади меъёрҳои ин созмон ҷавоб медиҳад.

Раддабандӣ, ки рӯзи 10 май нашр шуд, вазъи ақалиятҳои ҷинсӣ дар 49 кишвари Аврупоро аз нигоҳи қонунгузорӣ, сиёсати давлат ва таҷрубаҳое, ки ба вазъи ин ақалиятҳо таъсир мегузоранд, фаро мегирад. Ба ҷуз Озарбойҷон дар ду кишвари дигари пасошӯравӣ – Русия ва Арманистон вазъи бади ақалиятҳои ҷинсӣ мушоҳида шудааст.

Маконҳои аз ҳама беҳтар барои аққалиятҳои ҷинсӣ Малта, Белгия ва Бритониё будаанд.

ҲАМҶИНСГАРОЙ АЗ ЛАВОТУ МУСОҲИҚА ФАРҚ ДОРАД?

Ҳасан Юсуфи Ашкиварӣ, исломшиноси муқими Олмон мегӯяд, дар гузашта на дар фарҳанги динӣ ва на дар фарҳанги дунявӣ вожаҳое чун “ҳамҷинсгаро”-ву “ҳамҷинсбоз” набуданд. Дар шариати исломӣ робитаи ҷинсии мард бо мард (“лавот”) ва робитаи зан бо зан (“мусоҳиқа”) маҳкум шудаанд. "Он чӣ дар Қуръон аст оид ба достони Луту қавми Лут, он ҷо робитаи мард бо мард ё зан бо зан накӯҳиш, мазаммат ва маҳкум шудааст, меафзояд мусоҳиби мо.

Ба гуфтаи оғои Ашкиварӣ,дар Қуръони шариф муҷозоте барои лавоту мусоҳиқа муқаррар нашудааст. Аммо қарнҳои баъд бо далели он ки ислом дар дигар қаламравҳо паҳн шуд ва зери фарҳангу муқаррароти он манотиқ қарор гирифт, ин мавзӯъ дар фиқҳ матраҳ шуд ва барои лавоту мусоҳиқа ҳукми шаръӣ таъин карданд, ки аз ҷумла, муҷозоти робитаи мард бо мард метавонад марг бошад, меафзояд мусоҳиби мо.

Исломшинос хулоса мекунад, ки ин амал ҳам аз нигоҳи махҳабӣ, ҳам аз нигоҳи ахлоқӣ ва ҳам аз нигоҳи урфӣ маҳкум шудааст. Зимнан, дар ойини Зардӯшт барои робита бо ҷинси мувофиқ муҷозоти марг таъин шуда буд, мегӯяд ӯ.

Аммо, аз нигоҳи Ҳасан Юсуфи Ашкиварӣ, муддаиёни ҳамҷинсгароӣ онро падидаи "модерн" мехонанд ва мегӯянд, ки ҳамҷинсгароӣ иртиботе бо лавоту мусоҳиқа надорад ва он "марбут аст ба ҳормонҳо ва гароишҳои табиии ду нафар – яъне ҳамон гуна, ки инсон ба ҷинси мухолиф тамоюл ва гароиш дорад, ба ҷинси мувофиқ низ тамоюлу гароиш дорад". Агар аз сӯи табибон муқаррар шавад, ки ҷисм ва ҳормонҳои инсон воқеъан тағйир ёфтаанд, ҳамҷинсгароӣ метавонад чун як тамоюли табиӣ арзёбӣ шавад ва ҳукм ҳам дар баробари он шояд тағйир ёбад, мегӯяд мусоҳиби мо.

Аз ин ақида бархе аз ҷунбишҳои либералӣ дар ислом, аз ҷумла, созмони байнулмилалии «Ал-Фотеҳа”, созмони «Имом» дар Бритониё, созмони амрикоии «Мусалмонҳо барои арзишҳои пешқадам» ва Конгресси мусалмонҳои Канада, пуштибонӣ мекунанд. Аъзои ин созмону гурӯҳҳо мутмаинанд, ки ҳамҷинсгаро низ метавонад мусалмони ҳақиқӣ бошад...