Як намояндаи утоқи тиҷоратии Эрон ахиран аз ҳукумати кишвараш хостааст, ки реҷаи рӯзҳои корӣ ва истироҳат дар Ҷумҳурии Исломӣ бозбинӣ шавад. Пешниҳоди Алиризо Хоиф ин аст, ки рӯзҳои кории сокинон тағйир ёфта, аз якшанбе то панҷшанберо ташкил диҳад.
Ҳоло идораҳои давлатӣ дар Эрон аз рӯзи шанбе то чоршанбе кор мекунанд ва рӯзҳои панҷшанбеву ҷумъа - истироҳат. Масъала ин аст, гуфтааст ин мақоми давлатӣ, ки бо сабаби номувофиқии реҷаи кории онҳо бо ҷаҳони Ғарбу Аврупо нишондодҳои фурӯши нафт ва дигар бахшҳо дар рӯзҳои истироҳати Эрон поин меравад ва дар даромадҳои тиҷоратии кишвар таъсир мегузорад.