Таъини ҷазо барои нашунидани арзи сокинон (ВИДЕО)

Ҷаласаи порлумони Тоҷикистон. 9 июни 2016

Порлумони Тоҷикистон бо тасвиби қонуни нав масъулияти ниҳодҳои давлатиро барои расидагӣ ба муроҷиати сокинони кишвар бештар кард. Бар асоси қонуни "Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, масъулоне, ки дар баррасии дархости шаҳрвандон беэътиноӣ мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Қонун дар бораи муроҷиати шаҳрвандон аз соли 1996, ҷавобгарӣ ё танбеҳ барои мақомот пешбинӣ намекард.

Валӣ Ваҳҳобов, муовини додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 9 июн дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки барои риоя накардани талаботи қонуни нав ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ шудааст. "Ҳадафи қонун таъмини риояи ҳуқуқу озодии шаҳрвандон аст ва расидагӣ ба муроҷиату арзи сокинон бояд дар авлавияти кори мансабдорон қарор бигирад," - афзуд ӯ.

Муовини додситони кулли Тоҷикистон гуфт, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти болоӣ меафзоянд ва ин яке аз сабабҳои "беэътиноии баъзе роҳбарони мақомоти давлатӣ нисбат ба арзу шикояти онҳо мебошад".

Валӣ Ваҳҳобов, муовини додситони кулли Тоҷикистон

Тибқи қонуни нав, ки бо аксари кулли раъйи вакилон қабул шуд, акнун муроҷиати шаҳрвандон ба ҳукумат тариқи расонаҳо, телефон ва почтаи электронӣ низ мақоми расмӣ гирифт. Мансабдорон вазифадор шудаанд, ки ба ин гуна муроҷиатҳо тибқи мӯҳлате, ки дар қонун муқаррар шудааст, посух бидиҳанд.

Мавлуда Қаландарзода, вакили порлумон ва яке аз муаллифони қонун, гуфт, "илова бар ин, принсипҳои манъи маҳдуд намудани ҳуқуқ ба муроҷиат, тартиби қабул ва ба ҳисобгирӣ, ҳамчунин баррасии муроҷиатҳои алоҳида ва асосҳои бе баррасӣ намондани муроҷиатҳо меъёрҳои нави қонун мебошанд.”

Қонуни нави “Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар ҳоле тасвиб мешавад, ки мардуми зиёде аз беэътиноии кормандони муассисаҳои давлатӣ шикоят мекунанд. Садҳо корафтодаҳо баъд аз дар ба дар рондан ва ҷавоб нагирифтан ба арзу шикояташон аз ниҳодҳои давлатӣ ба худи раисиҷумҳур муроҷиат мекунанд.

Яке аз ин гуна афрод Манучеҳр Тоштемиров, донишҷӯи Донишгоҳи тиббии шаҳри Тюмени Русия аст, ки барои кумак ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ муроҷиат кардааст. Ӯ ба хабарнигори Озодӣ навишт, ки барои идомаи таҳсил ба кумаки молӣ ниёз дорад, чун модари бемораш наметавонад, ӯро таъмин кунад. "Баъд аз ду моҳ ҷавобашро гирифтам, ки дар онҷо навиштанд, муроҷиати шумо барои баррасӣ ирсол карда шудааст. Дигар ягон ҷавобе нагирифтам, пас маҷбур шудам, ки пулҳои кор кардаамро кам-кам ба хондан супорам. Модарам сахт бетоб буданд, ҷарроҳӣ лозим буд, пул надоштем. Моҳи апрел дар синни 48-солагӣ аз олам гузаштанд," - навиштааст Манучеҳр Тоштемиров ва нусхаҳои номаҳояшро ҳам ба ҳайси далел фиристодааст.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷазо барои саргардон кардани мардум

Айни замон нашрияву телевизиону радиоҳо маҳалли гӯш кардани муроҷиати мардум шудааст ва рӯзона даҳҳо корафтода ба хабарнигорон муроҷиат мекунанд, ки садои онҳоро аз тариқи расона ба гӯши мақомот расонанд. ​

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон зимни баррасии ин тарҳ гуфт, шаҳрвандон бештар аз мушкилот, бемасъулиятии мансабдорон ва беадолатиҳое, ки дар ҷомеа ба амал меояд, ба ниҳодҳои давлатӣ муроҷиат мекунанд. Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт: “Дар бештари маврид аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ, додситонӣ, судҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто вакилони мардумӣ беэътиноӣ ба назар мерасад. Мо бояд дар ин замина тамоман корамонро дигар кунем."

Ба бовари раиси Маҷлиси намояндагон, дар сурати иҷро шудани тамоми талаботи қонуни нав эътимоди мардум ба ҳукумат бештар мешавад ва аксар мушкилоти сокинон дар сатҳҳои поёнӣ ҳал мешавад. Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҳам барои нақзи қонунгузорӣ ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон барои мансабдорон аз 20 то 32 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то 6 моҳи зиндон ҷазо муқаррар кардааст.