Нахустин раиси ҷумҳури Тоҷикистон даргузашт

Қаҳҳор Маҳкамов зимни сӯҳбат дар маҳфили "Гуфтӯгуи таммадунҳо" дар Душанбе.

Қаҳҳор Маҳкамов, раиси ҷумҳури нахустини Тоҷикистон дар синни 84 солагӣ даргузашт. Узви Маҷлиси миллии кишвар се моҳ бемори бистарӣ буд.

Шавкат Саидов, сухангӯи Маҷлиси миллии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин узви Маҷлиси миллии кишвар се моҳ бемори бистарӣ буд ва баъди ҷавоб шудан аз бемористон ҳамин рӯз фавтидааст. Бино ба гузоришҳо, ӯ солҳои ахир аз бемории ғадуди простата ранҷ мекашид.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми тасаллияти худ ба муносибати даргузашти Қаҳҳор Маҳкамов, аз ӯ ҳам "ҳамчун шахси хоксор, мутахассиси кордон ва роҳбари дилсӯзу ғамхор" ёд кардааст.

Дар паёми тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон омадааст, ки Қаҳҳор Маҳкамов "дар давоми умри бобаракати худ дар мансабҳои мухталифи роҳбарикунандаи давлатӣ ифои вазифа намуда, тамоми дониш ва таҷрибаву малакаи худро барои пешрафт ва ободии Тоҷикистон сарф кардааст."

Гулҷаҳон Бобосодиқова, котиби собиқи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки бо Қаҳҳор Маҳкамов дар аҳди шӯравии собиқ кор кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вазъи сиҳатии Қаҳҳор Маҳкамов ҳафтаҳои ахир бадтар шуд ва ӯ дар иҳотаи наздиконаш ҷон дод. Қарор аст, Қаҳҳор Маҳкамовро рӯзи 9-уми июн дафн кунанд.

Хонум Бобосодиқова дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки бори охир бо Маҳкамов ба муносибати зодрӯзаш рӯзи 16 апрел телефонӣ ҳамсӯҳбат шуд ва дар ҳамин сӯҳбат гуфт, ки беморӣ ғалаба кард ва рӯзҳояш башумор мондааст. Вай гуфт, дар атрофи Маҳкамов дар моҳу ҳафтаҳои охир ҳама наздикон - фарзандону набераҳояш сарҷамъ буданд ва аз ӯ муроқибат мекарданд. "Ҳукумат ҳам хеле дар ҳақашон ғамхорӣ кард, наздиконашон, писару духтарашон, ҳамсояҳо пайваста аз ҳолашон бохабар буданд", гуфт ӯ.

Қаҳҳор Маҳкамов соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, фаъолияти кориашро ба ҳайси муҳандис дар кони ангишти Шӯроб шурӯъ кардааст. Аз соли 1982 то 1986 раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон буд. Баъди барканории Раҳмон Набиев аз мақоми котиби аввали кумитаи марказии ҳизби ҳокими вақти коммунист ба ин симат таъин шуд. Соли 1990 раиси Шӯрои олӣ ва дар поёни ҳамон сол дар порлумон нахустин президенти Тоҷикистон интихоб шуд.

Рӯзи 28 августи соли 1991, баъди суқути табаддуллоти давлатие, ки бо номи ГКЧП маъруф аст, Қаҳҳор Маҳкамов низ таҳти фишори эътирозгароне ки дар майдони марказии Душанбе барои 3 рӯз хайма заданд, истеъфо дод. Дар моҳи ноябри ҳамон сол Раҳмон Набиев президенти Тоҷикистон интихоб шуд, вале ӯ ҳам дар тирамоҳи соли 1992 истеъфо дод ва бо ҳамин даврони раҳбарии ба истилоҳ, «сулолаи Хуҷанд» бар Тоҷикистон, ки аз солҳои 40 қариб ним аср давом кард, ба поён расид.

Қаҳҳор Маҳкамов баъди истеъфояш аз ҳаёти сиёсӣ канор рафт ва аз сӯҳбат бо матбуот низ дурӣ меҷуст. Аз соли 1999 ба унвони раисиҷумҳури собиқ узви умрбоди Маҷлиси миллӣ - палатаи болоии порлумони Тоҷикистон буд. Ҳамсараш Гавҳар 4 сол пеш фавтид, аз ӯ ду писару як духтар боқӣ мондааст. Ва ҳарсе ҳангоми марги падар дар сари болини ӯ будаанд.

Мероси сиёсии Қаҳҳор Маҳкамовро дар мақоми президенти Тоҷикистон зидду нақиз арзёбӣ мекунанд. Дар ҳоле, ки ҳамсангарони зиёдаш аз ӯ ба унвони як инсони донишманд ва рӯшанфикру бомулоҳиза ёд мекунанд, мунаққидонаш ӯро дар беиродагии сиёсӣ, заифӣ дар баробари чолишҳои даврони нав, шурӯи хушунатҳои солҳои 1990-уми Тоҷикистон ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ гунаҳгор мекунанд.

Баҳсе ба ин мазмун ахиран дар шабакаи Фейсбук ҳам чанд ҳафта пеш бархост. Тарафдоронаш ӯро дар муқоиса бо сиёсатмардони даврони имрӯз як нафари “мулоҳизакор ва дурандеш” ёд мекарданд, вале мунаққидонаш ӯро дар набуди истиқлолияти сиёсӣ, пойбандиаш ба Маскав ва фоҷеаҳои дигари оғози солҳои 1990-ум гунаҳгор карданд.

Рӯзи маргаш ҳам бархе намояндагони сангари ба истилоҳ мухолифини собиқ, ки Маҳкамовро аз наздик мешинохтанд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз марги нобаҳангоми президенти нахустини Тоҷикистон ибрози таассуф карданд, аммо нахостанд роҷеъ ба мероси сиёсиаш изҳори назар кунанд.

Петр Лучинский, котиби дуюми ҳизби коммунисти Тоҷикистон (1986-1989) аз Қаҳҳор Маҳкамов пеш аз ҳама ба унвони “як инсони хуб” ёд кард. Вай дар як сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Кишинёви Ҷумҳурии Молдова гуфт: “Вақте Горбачев омад, ҳама раҳбаронро нав карданд. Маро ба Душанбе маҳз таҳти раҳбарии Маҳкамов таъйин карданд. То он замон ӯ ба ҳайси як иқтисодшиноси варзида раҳбари собиқи Госплан ё раиси шӯрои вазирон, собиқаи 19-солаи кори раҳбарӣ дошт. Ӯ як инсони хеле озода ва босавод буд. Як шом ёдам ҳаст. Аллакай дар Шӯравӣ интихобот аз рӯи системаи нави “Перестройка” мегузашт. Маҳкамов, ёдам ҳаст, гуфт, “ба фикрам, ин ҳама ислоҳот бе рехтани хун намегузарад”. Вай натиҷаҳои “Перестройка”-ро дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ дар назар дошт. Ӯ як одами нодире буд, ки ҳеҷ гоҳ мухолифат ва ё ҷанҷол намекард. Мову ӯ байни ҳам ҷанҷоле надоштем. Вай барои Тоҷикистон зиёд хизмат кардааст ва Тоҷикистонро як ҷузве аз минтақаи Осиёи Миёна арзёбӣ мекард. Арзи тасаллияти маро ба мардуми Тоҷикистон ва хешу ақрабои Қаҳҳор Маҳкамович расонед”.