Бархе аз ронандаҳои қирғиз иддао доранд, ки марзбонҳои тоҷик рӯзи 6 июн дар посгоҳи Қарамиқ (байни Ҷиргатолу Ӯш) барои ворид шудани даҳ мошини борбари онҳо ба ҳудуди Тоҷикистон пул талаб кардаанд. Масъулони Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар гузашта низ чунин шикоят буд ва ахиран дар пайи як санҷиши хидматӣ чанд марзбон ҷазо гирифтаанд.
Толубой Ушбоев, раиси Ассотсиатсияи интиқолдиҳандаҳои бори Қирғизистон, рӯзи 7 июн дар тамоси телефонӣ бо Озодӣ гуфт, 10 мошин аз Чин ба корхонаи коркарди нафти ноҳияи Данғараи Тоҷикистон таҷҳизоти фаннӣ ва дастгоҳҳо ворид мекардаанд. Дар назар аст, ҳафтаи ҷорӣ боз 11 мошини борбари қирғиз аз тариқи ин масир аз Чин ба ноҳияи Данғара таҷҳизот биорад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ушбоев мегӯяд, аммо марзбонҳои тоҷик аз ҳар мошини борбар сад сомонӣ “ҳаққ” хостаанд. “Ҳатто ба ронандагони қирғиз иҷоза надодаанд, ки дар ошхонаи постгоҳ ғизо хӯранд ва онҳоро дар хатти марз нигоҳ доштаанд. Бар асоси муқаррароти байналмилалӣ ронандагон танҳо боҷи гумрукӣ пардохт хоҳанд кард,” – афзуд ӯ.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Озодӣ вуҷуди мавридҳои “тамаъҷӯӣ” дар миёни марзбонони посгоҳи Карамиқро тасдиқ кард. Вай гуфт, “3-4 рӯз пеш бар асоси шикояти ронандагони қирғизу тоҷик дар ин посгоҳ санҷиши хидматӣ гузаронда шуда ва гунаҳкорон ҷазо гирифтанд”.
Улуғхоҷаев дар айни замон сабаби банд мондани мошинҳои борбар дар хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистонро “мушкилоти фаннии Системаи нави хазинаи ягонаи маълумот дар посгоҳи Қарамиқ” донист, ки ба қавли ӯ се рӯз пештар насб шудааст. Муҳаммад Улуғхоҷаев гуфт, дар ду рӯзи охир дар посгоҳ нерӯи барқ борҳо қатъ шуда ва аз рӯ мошинҳои боркаш дар хатти марз банд мондаанд.
Бино ба иттилои сухангӯи Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, “корвони мошинҳои боркаши ронандаҳои қирғиз субҳи сешанбе вориди хоки Тоҷикистон шудаанд”. Толубой Ушбоев, раиси Ассосиатсияи интиқолдиҳандагони бори Қирғизистон, ҳам хабар дод, ки ҳоло 7 мошин аз хатти марз убур карда ва дар посгоҳи гумрукӣ қарор доранд.
Ба қавли Ушбоев, дар солҳои қаблӣ низ мавридҳои тамаҷӯии марзбонон ва пулиси роҳ дар посгоҳи марзии Қарамиқ ба мушоҳида расида ва ронандагони қирғиз тавассути сафорати ин кишвар дар Душанбе ба Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят бурда будаанд. “Танҳо пас аз бозрасии фаъолияти посгоҳҳои марзӣ, фаъолияти кормандони пулиси гоҳ ё ГАИ ва хадамоти нақлиётии посгоҳи Карамиқ мушкили тамаъҷӯии кормандони ин ниҳодҳо аз ронандагони қирғиз рафъ шуда буд,” – гуфт Ушбоев.
Маъмулан ронандагони қирғизу тоҷик ҳангоми убуру мурур аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба тамаъҷӯӣё пардохтҳои ғайричашмдошти гумрукӣ рӯбарӯ мешаванд. Масалан, пас аз шомил шудани Қирғизистон ба Иттиҳоди АвруОсиё дар моҳи июни соли гузашта ронандагони тоҷик маҷбур шуданд барои убури марзи Қирғизистон тавассути мошини сабукрав ҳудуди 200 сомонӣ боҷи гумрукӣ супоранд. Қаблан, чунин муқаррарот вуҷуд надошт.
Бобомурод Ҷӯраев, ронандае, ки солҳо боз сайёҳони хориҷиро бо убури қаламрави Қирғизистон аз тариқи ноҳияи Сари Тоши Қирғизистон ва Ҷиргатоли Тоҷикистон ба Душанбе мерасонад, он замон ба Озодӣ гуфта буд, ки “ба ғайри ин қадар пул гирифтан боз моро пурсуҷӯ ва кофтукоб мекунанд. Муносибаташон низ тағийр ёфтааст ва бо дағалӣ бо мо сӯҳбат мекунанд.”
Роҳ аз ноҳияи Мурғоб тавассути Бадахшон ва вилояти Хатлон то Душанбе наздики 1000 километрро ташкил медиҳад, аммо бо убури хоки Қирғизистон ин масир 400 километр камтар мешавад ва барои ҳамин ронандагон асосан ин масирро интихоб мекунанд.