Шаҳбол Мирзоев: Пойҳоям ба ҳаракат даромаданд

Шаҳбол Мирзоев дар канори рӯди Сир

Шаҳбол Мирзоев, баъд аз ҷарроҳии гурдааш дар баҳори соли ҷорӣ, ба табобат дар Муолиҷагоҳи бадани шаҳри Хуҷанд идома медиҳад. Ин сарбози маъюбшудаи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 6 июн дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ҳоло пойҳояш низ каме ба ҳаракат даромадаанд ва ӯ табобати дусолаашро беҳуда намедонад.

Вай афзуд, "аммо пойҳоям дард мекунанд. Ба ин нигоҳ накарда, ба табобат идома хоҳем дод, то замоне ки саломатӣ барқарор шавад."

Дар ҳамин ҳол, Шаҳбол Мирзоев се акси навашро дар канори рӯди Сир дар саҳифаи Фейсбук гузошта ва аз беҳбуд ёфтани вазъи саломаташ хабар додааст. Ӯ дар ин аксҳо дар аробаи маъюбӣ дида мешавад. Чанде аз шарҳнависон барояш саломатӣ хоста ва гуфтаанд, умед доранд, ки ин сарбоз рӯзе на бо аробаи маъюбӣ, балки бо пойи худ дар хиёбонҳои шаҳр гаштугузор хоҳад кард.

Нуъмон Мирзоев - падари Шаҳбол - мегӯяд, писараш дар моҳи апрел ҷарроҳии як гурдаро аз сар гузаронда бояд дар рӯзҳои наздик гурдаи дигараш низ ҷарроҳӣ бишавад. Ӯ гуфт, бо вуҷуди талоши онҳо барои табобати фарзандаш ҳоло даъвояшон аз болои ҳукми Коллегияи Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасӣ нашудааст.

“Додгоҳ ҳанӯз мунтазири посух аз Бемористони Вишневскийи Русия аст. Додгоҳи олии Тоҷикистон мехоҳад, ки ба чанд суолаш дар бораи Шаҳбол аз Фирдавс Садиков - табиби бемористони ба номи Вишневский посух гирад. Фирдавс Садиков дар соли 2014 аз Шаҳбол муроқибат карда, моҳи январи соли ҷорӣ низ ба Хуҷанд омада ва аз вазъи ӯ огоҳ шуда буд,” - афзуд ӯ.

Додгоҳи олӣ расман ба бемористони Вишневскийи мутааллиқ ба Вазорати дифои Русия муроҷиат карда, хостааст, ки маблағи давраи табобати Шаҳбол Мирзоевро дақиқ кунад. Нӯъмон Мирзоев мегӯяд, ин иқдом бо пешниҳоди Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Ба қавли ӯ, ин ниҳоди давлатӣ ба ҳарфҳои оилаашон дар бораи харҷи табобати Шаҳбол бовар надорад ва мехоҳад, ки аз ин тариқ дурустии изҳороти онҳоро дақиқ намояд.

Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе дар моҳи майи соли гузашта қарор карда буд, ки Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба Шаҳбол Мирзоев 97 ҳазору 265 сомонӣ ҷуброни молӣ ва 20 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ бидиҳад. Вале, баъдан, дар моҳи август Додгоҳи олӣ дар пайи шикояти намояндаи додситонии ҳарбии Душанбе ин қарорро бекор кард.

Шаҳбол Мирзоев, сокини 23-солаи ноҳияи Ашт моҳи марти соли 2014 бар асари латту кӯби шадиди як ҳамхизматаш маъюб шуд. Табибон гуфтанд, устухони миён ва гардани сарбоз маҷрӯҳ шуда, барои барқарории саломатии ӯ муддати тӯлонӣ лозим мешавад.

Барои латту кӯби Шаҳбол Мирзоев, додгоҳ моҳи ноябри соли 2014 Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери воҳиди низомии нерӯҳои марзбониро ба 9 соли зиндон ва Гулрафтор Ширинова, сардори дорухонаи ҳамин қисми низомиро барои иҷрои номатлуби вазифаҳои хидматӣ ва риоят накардани оинномаи хидматӣ ба 1,5 соли кори иҷборӣ маҳкум кард. Вале ин ҳарду баъди содир шудани ҳукм афв шуда, ҳукми Ғайратов то 7 сол коҳиш дода шуд.