Осиёи Марказӣ баъди даҳ сол - фақр, бекорӣ ва "ошӯби гуруснагон"?

Фақру бекорӣ, саркӯбии мухолифину гурӯҳҳои мазҳабӣ, тақвияти режимҳо ва “ошӯби гуруснагон” – вазъи Осиёи Миёнаро дар даҳ соли оянда аз сӯи таҳлилгарон ҳамин гуна пешгӯӣ мешавад.

...Яъсу навмедӣ аз фардои мубҳаму норӯшан чанд моҳ боз домангири Мадисо, як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ аст. Ӯ мегӯяд, ки баъд аз ихроҷ аз Русия шуғле надорад ва гоҳ-гоҳ бо мошинаш то Кӯлобу Душанбе мусофир мекашонад. “Аммо такси рӯзи оиларо намегузаронад, борҳо шудааст, ки соатҳо дар дуроҳаи “Гулистон” мунтазири мусофир нишаста бо дасти холӣ баргаштаам”, мегӯяд Мадисо. Маблағи ночизе, ки ба дасташ мерасад, ё барои таъмири мошин сарф мешавад ё ба кисаи нозири роҳ “мекӯчад”. Мехостам, ки дар бозор ҷой бигирам, аммо диламро хунук карданд, ки савдо нест, мардум пул надоранд ва бозоршинҳо “точка”-ҳои худро фурӯхта истодаанд, меафзояд мусоҳиби мо.

Ягона равзанаи умед барои Мадисо – иҷозаи бозгашт ба Русия аст. Агар ҳамин шаб шунавам, ки ба муҳоҷирҳои хориҷшуда иҷозати баргаштанро додаанд, саҳар билет гирифта ба Русия меравам, мегӯяд ӯ.

Мадисо иқрор мекунад, ки аз муҳоҷирату ғарибӣ, аз гурехтан аз полису шабро дар ҷангал рӯз кардан, аз ҳар моҳ нисфи зиёди пул ва ҳатто пули кори якмоҳаро барои патент супоридан то гулӯ сер шудааст, аммо илоҷ нест, имкон пайдо шавад, ҳатман ба Русия меравад. “Ман даҳ сол дар Русия будам, аз ҳамон пул писарҳои калониро ба мактабҳои олӣ дохил кардам, ба ғайр аз мошин дар Душанбе як манзили дуҳуҷрагӣ харидам. Аммо акнун дар фикри он ҳастам, ки он хонаро фурӯшаму чаҳор фарзанди дигарамро ба донишгоҳҳо дохил кунам. Шояд то он вақт иҷозаи бозгашт ба Русия пайдо шавад”, бо умед мегӯяд Мадисо.

ТОҶИКИСТОН ДАР ПЕШОРӮИ “ОШӮБИ ГУРУСНАГОН” АСТ?

Дар даҳ соли оянда вазъ дар Осиёи Марказӣ ба таври ҷиддӣ тағйир нахоҳад хурд, аммо фақру бекорӣ бештар домангири мардум хоҳанд шуд, мегӯяд таҳлилгарон. Минтақа обистани инқилобе нест ва таҳаввулоти ҷиддиеро ҳам набояд интизор шуд, мутмаин аст Сергей Марков, раиси Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти сиёсӣ ва узви Палатаи ҷамъиятии Русия.

Сергей Марков

Раҳбарони кишварҳои минтақа, аз ҷумла, Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримов, албатта, солхӯрдаанд, аммо онҳо ҳоло ҳам нерӯе доранд, ки даҳ-понздаҳ соли дигар сари қудрат бимонанд, меафзояд сиёсатшиноси рус. Дар Қирғизистон вазъ мӯътадил хоҳанд монд ва ба ин Русия мусоидат хоҳад кард, режими Эмомалӣ Раҳмон ҳам боқӣ хоҳад монд, ба вижа, ки ӯ акнун дар сурати зарурат метавонад зимоми ҳукуматро дар ихтиёри писараш гузорад, пешгӯӣ мекунад Сергей Марков.

Аммо Аликбек Ҷекшенбеков, собиқ вазири умури хориҷии Қирғизистон, мутмаин аст, ки “бидуни шак, тайи даҳсолаи оянда, дар Осиёи Миёна насли нави раҳбарон сари қудрат меояд ва чигунагии авзоъ аз он вобаста хоҳад буд, ки киҳо дар садр хоҳанд нишаст – фарзандони раҳбарони феълӣ ё афроди дигар, мегӯяд сиёсатмадори қирғиз.

Аликбек Ҷекшенбеков

Даниил Кислов, сиёсатшиноси рус, ҳам мегӯяд, ки баъд аз даҳ сол раҳбароне чун Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримов дар саҳнаи сиёсӣ нахоҳанд буд. Суоли матраҳ ин аст, ки оё низоми сиёсӣ дар ин кишварҳо ва тарзи идораи давлат тағйир хоҳад ёфт ё на? Аз нигоҳи ӯ, Қазоқистон ягона кишвари Осиёи Марказист, ки баъди аз байн рафтани модели кӯҳнашудаву мустабид имкони рушд хоҳад дошт. Баъд аз сари Назарбоев дар Қазоқистон ҷанги шаҳрвандӣ рӯй нахоҳад дод ва умедворам элитаҳои сиёсии маҳаллӣ байни ҳам муросо мекунанд ва ниҳоят даст ба ба татбиқи ислоҳот мезананд, мегӯяд таҳлилгар.

Аммо дар Узбакистон ва Туркманистон, аз нигоҳи Даниил Кислов, баъд аз даҳ сол ҳам тағйироте рӯй нахоҳад дод. Дар Узбакистон мақомоти полису амниятӣ, полиси андозу дигар ниҳодҳои қудратӣ, мансабдорони хурду бузург ҷойгоҳи вижа доранд ва баъди аз саҳнаи сиёсӣ рафтани Ислом Каримов, онҳо аз ҳама талошҳои тағйири низоми феълӣ ҷилавгирӣ хоҳанд кард.

Дар Туркманистон низоми сиёсӣ шояд тайи 50-100 соли оянда бетағйир монад ва ин ду омил дорад – яке захираҳои бузурги газ, ки метавонанд даҳсолаҳо элитаи кишварро хӯронанду пӯшонанд ва дигарӣ – бетафовутии мардум ба сиёсат, ки паёмади сиёсати замони баъд аз суқути режими шӯравӣ дар ин кишвар аст, мегӯяд Даниил Кислов.

Таҳлилгар меафзояд, Қирғизистон дар даҳ соли оянда дар дуроҳаи интихоб қарор хоҳад гирифт – як роҳ сӯи демократия ва идомаи парламентаризм мебарад, роҳи дуввум – роҳест, ки Бишкек бо ҳидояти Русия меравад ва бо амри Кремл мурватҳои сиёсиро ҳарчӣ бештар тоб медиҳад.

Аммо Тоҷикистон, аз нигоҳи Даниил Кислов, мушкилзотарин кишвари Осиёи Марказист, “зеро кишвари қашшоқ аст, пойинрафти иқтисодиёташ идома хоҳад кард, мустабидии режим афзоиш хоҳад ёфт ва Эмомалӣ Раҳмон аз эълони “сулола”-и худ хабар дод, яъне раисиҷумҳури оянда ба эҳтимоли зиёд писари ӯ хоҳад буд”.

Бо назардошти ин ҳама, умед ба тағйиротро бо падидаҳое манфие чун“ошӯби гуруснагон” рабт медиҳанд, мегӯяд Даниил Кислов. Аз нигоҳи ӯ, теъдоди муҳоҷироне, ки бар асари наёфтани кор дар Русия ё ба далоили дигар ба ватан бармегарданд, торафт афзоиш меёбад ва чун онҳо дар ватан хӯрдание пайдо нахоҳанд кард, метавонанд “аз ҷонашон сер шуда” даст ба ошӯб зананд.

“ТОЛИБОН” АЗ ПУШТИ МУСАЛМОНҲОИ МИНТАҚА МЕХЕЗАД?

Дар ҳамин ҳол Сергей Марков мутмаин аст, ягона омиле, ки метавонад вазъи Осиёи Миёнаро дар даҳ соли оянда тағйир диҳад, дар Афғонистон соҳибқудрат шудани ҷунбиши “Толибон” аст. Гап сари он ки толибҳо ба тадриҷ нуфузи худро дар Афғонистон тақвият медиҳанд ва агар соҳиби қудрат шаванд, метавонанд ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ таҳдид кунанд ва инро бо ҳимояи мусалмонҳои хору зор шудаи минтақа тавзеҳ кунанд, мегӯяд ӯ.

Аликбек Ҷекшенбеков ҳам мутмаин аст, ки вазъи минтақа тайи даҳ соли оянда фақат дар ҳоли дахолати беруна, аниқтараш талоши дахолат аз сӯи ҷунбиши “Толибон”-и Афғонистон ва гурӯҳи “Давлати исломӣ”, албатта, дар сурати афзоиши нуфузаш, метавонад ноором шавад. Аммо ин байид ба назар мерасад, зеро теъдоди пуштибонҳои ин гурӯҳҳо дар Осиёи Марказӣ ҷиддӣ коҳиш хоҳад ёфт – мақомоти амниятӣ дар даҳ соли оянда бештар ба саркӯб кардани гурӯҳҳои гуногуни мазҳабӣ сафарбар хоҳанд шуд.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи сиёсатмадори қирғиз, то соли 2026 баъзе аз мушкилиҳои ҷиддии феълӣ ҳал хоҳанд шуд. “Ман фикр мекунам, кишварҳои минтақа дар мавриди аломатгузории марз, аломатгузорие, ки ба нафъи ҳама аст, ба мувофиқа мерасанд”, мегӯяд Аликбек Ҷекшенбеков.

Аммо Даниил Кислов дар ин маврид хушбин нест. "Агар ин мушкилот дар тӯли 25 сол ҳал нашуданд, ман фикр мекунам, афроде аз мақомоти минтақа манфиатдоранд, ки онҳо ҳалношуда боқӣ монанд. Яъне, онҳоро ҳал кардан намехоҳанд. Аммо агар ин мушкилро ҳам кунанд ва марзҳо аломатгузорӣ ҳам шаванд, пароканда будани кишварҳои минтақа ва марзҳое, ки ҳама рагу пайвандҳо, яъне роҳҳову рӯдхонаҳои замони шӯравӣ ягонаро қайчӣ задаанд, мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад ва бигирем, дар баъзе мавзеъҳои водии Фарғона, ки дар Тоҷикистону Узбакистону Қирғизистон доман паҳн кардааст, бар асари тақсим шудану роҳҳову рӯдхонаҳо иқтисодиёт рушд намекунад".

Мусоҳибони мо мутмаинанд, ки тайи даҳ соли оянда ҳам Осиёи Марказӣ дар мадори Русия боқӣ хоҳад монд. Сергей Марков мегӯяд, нуфузи Амрико дар Осиёи Марказӣ хело коҳиш хоҳад ёфт. Чин чун пештара дар талоши таҳкими нуфузи иқтисодии худ дар минтақа хоҳад буд ва барои тағйири низоми сиёсии ин кишварҳо иқдоме нахоҳад кард.

Дар масоили Осиёи Марказӣ Чин бо Русия ҳамкории зич хоҳад дошт ва ин ҳамкорӣ ҳамзамон бо афзоиши нуфузи Толибон дар Афғонистон ҳарчӣ бештар тақвият хоҳад ёфт, мутмаин аст Сергей Марков.

Даниил Кислов ҳам бо ин ақида мувофиқ аст аст ва мегӯяд, дар ҳоли ҳозир Чин ягон абарқудратест, ки ба Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорад ва ин таваҷҷуҳ дар даҳ соли оянда ҳам боқӣ хоҳад монд. Аммо таваҷҷуҳи Амрико ба минтақа коҳиш хоҳад ёфт, зеро, аз як сӯ,ҷанг дар Афғонистон идома хоҳад кард, вале на ба он шиддат, ки аз Амрико тақвияти ҳузураш дар минтақаро тақозо намояд ва аз сӯи дигар, Вошингтон тайи даҳ соли оянда бо ҳалли мушкилот дар Ховари Миёна ва баъзе кишварҳо аврупоӣ банд хоҳад буд, мегӯяд Даниил Кислов...