Тими миллии Тоҷикистон легионерҳоро шикаст дод

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар бозии санҷишӣ бар мунтахаби легионерҳои бошгоҳҳои лигаи олии кишвар бо ҳисоби 5:2 ғолиб омад. Ин бозӣ пеш аз бозиҳои плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 муқобили тими миллии Бангладеш шаби панҷшанбеи 26 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.

Дар ин бозии санҷишӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби легионерҳо, инчунин якчанд бозигари тими миллии кишвар – Абдуазиз Маҳкамов, Дилшод Восиев, Фаридун Шарифов, Дороб Эргашев, Ромиш Ҷалилов ва Парвиз Қашқаров – ҳунарнамоӣ карданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, нимаи аввали бозӣ бо пирӯзии мунтахаби легионерҳо бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. Ҳамлагари «Ҳосилот»-и Фархор Соломон Течи дар дақиқаи 25-ум ҳисобро боз кард. Баъди панҷ дақиқа нимҳимоятгари ССКА “Помир” Андоҳ Наполеон голи дувумро ба ҳадаф расонд.

Баъди танаффус мунтахаби Тоҷикистон ташаббусро ба даст гирифта, ба дарвозаи легионерҳо панҷ голи беҷавоб зад. Ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов, ки се гол зад, хет-трик кард. Ду тӯби дигарро Умедҷон Шарифов ва Парвизҷон Умарбоев, ки дар нимаи дувуми бозӣ ба майдон омаданд, ба дарвозаи легионерҳо равон карданд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби миллии Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббии даста Ҳаким Фузайлов бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуд.

Ёдовар мешавем, рӯзи панҷшанбеи 2 июн мунтахаби Тоҷикистон бозии аввали плей-оффи Ҷоми Осиё-2019-ро муқобили тими миллии Бангладеш анҷом медиҳад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 шуруъ мешавад.

Бозии санҷишӣ

Мунтахаби Тоҷикистон – Мунтахаби легионерҳо – 5:2

Голҳо: Соломон Течи, 25 (0:1). Андоҳ Наполеон, 30 (0:2). Манучеҳр Ҷалилов, 68 (1:2). Умедҷон Шарифов, 74 (2:2). Парвизҷон Умарбоев, 77 (3:2). Манучеҳр Ҷалилов, 81 (4:2). Манучеҳр Ҷалилов, 90+1 (5:2).

Мунтахаби Тоҷикистон: Алишер Додов (Фатҳулло Бобоев, 71), Эраҷ Раҷабов, Давронҷон Эргашев (Сиёвуш Асроров, 64), Далерҷон Тухтасунов (Манучеҳр Аҳмадов, 64), Табрези Давлатмир (Ҳасан Рустамов, 64), Фатҳулло Фатҳуллоев (Нозим Бобоҷонов, 71), Нуриддин Давронов (Парвизҷон Умарбоев, 71), Амирбек Ҷӯрабоев (Эҳсони Панҷшанбе, 56), Аҳтам Назаров (Умедҷон Шарифов, 56), Манучеҳр Ҷалилов, Аҳтам Ҳамроқулов (Ҷаҳонгир Эргашев, 56).

Мунтахаби легионерҳо: Абдуазиз Маҳкамов (Ишмаэл Колотей, 46), Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ (Бенҷамин Авуко, 46), Мӯсо Содиқ (Муҳаммад Муборак, 86), Петро Ковалчук (Дороб Эргашев, 46), Дилшод Восиев (Ромиш Ҷалилов, 46), Дэвид Мауто (Усмон Мукаррам, 86), Акуффо Гершон (Агблей Ҷонес, 80), Фаридун Шарифов (Парвиз Қашқаров, 46), Андоҳ Наполеон, Соломон Течи (Мисиам Иносент, 63), Сефаҳ Жаке Нана (Принс Артур, 65).

Огоҳӣ гирифтан: Сиёвуш Асроров (мунтахаби Тоҷикистон), Соломон Течи, Дэвид Мауто (мунтахаби легионерҳо).

Бозигари беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов (мунтахаби Тоҷикистон).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

27 май. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.