Дар ҷангҳои Ховари Миёна 36 донишҷӯи тоҷик кушта шудаанд

Дар майдонҳои ҷанги Ховари Миёна 300 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 36 донишҷӯ, кушта шудаанд. Ин рақам рӯзи 27 май аз забони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии ҷавонони Тоҷикистон садо дод. Ин шӯро тақрибан як соли пеш таъсис шуда, ҷаласаи аввалинашро тоза дар Душанбе баргузор кард.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки донишҷӯёни кушташуда дар мактабҳои олии дохил ва хориҷи кишвар таҳсил доштанд ва аз роҳҳои гуногун то Ироқу Сурия рафтаанд.

Ӯ дар ин суҳбаташ аз ҳузури 370 ҷавони тоҷик дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ низ нигаронӣ карда ва гуфт, онҳо ғайриқонунӣ ба таҳсилашон идома медиҳанд. Раисиҷумҳур дар ин замина аз Додситонии кулл, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хост, ки барои бозпас овардани ин гуруҳи донишҷӯён ба ватан ва, ҳамин тавр, паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон табдирҳои ҷиддӣ биандешанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфт, "гароиши баъзе ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротиву террористӣ боис ба нигаронӣ буда, сохтору мақомоти давлатиро вазифадор менамояд, ки барои гирифтани пеши роҳи ин амалҳои номатлуб чораҳои қатъӣ андешанд ва корҳои тарбиявиро дар байни ҷавонон боз ҳам тақвият бахшанд." Вай интернету шабакаҳои иҷтимоиро "доми тазвири гуруҳҳои манфиатҷӯ" унвон кард ва гуфт, ки афроди ноогоҳ зуд ба ин дом афтода, "ба ватан хиёнат менамоянд, обрӯ ва мақоми мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ паст мегардонанд".

"Онҳо ҷони худро дар хатар гузошта, ба хотири ваъдаҳои бардурӯғ ҳаёти худро барбод медиҳанд ва волидону наздиконашонро дар миёни ҷомеа шармсор мегардонанд," - афзуд оқои Раҳмон.

Изҳроти ахири раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи марги 36 донишҷӯи тоҷик дар майдонҳои ҷанги Ироқу Сурия дар ҳолест, ки ӯ моҳи июни соли гузашта дар Донишгоҳи кишоварзӣ аз пайвастани 11 донишҷӯи тоҷик ба саффи "Давлати исломӣ" хабар доад буд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ки то кунун беш аз ҳазор шаҳрванди кишвар ба сафи "Давлати исломӣ" ва гуруҳҳои ифротии дигар дар Ироқу Сурия пайваста, ҳарчанд "суръати" шомилашвии онҳо суст гардидааст, вале ҳанӯз қисмати зиёди онҳо дар майдонҳои ҷанганд ва хатарашон боқист. Онҳо ваъда додаанд, ки агар касе аз ин шаҳрвандон бо хоҳиши худ ба ватан баргашта, изҳори пушаймонӣ мекунад, аз ҷавобгарӣ озод хоҳад буд.

Аксари ин афрод, ба қавли бархе аз коршиносон, на қурбони ақида ва боварҳои худ, балки ба эҳтимоли зиёд қурбони ваъдаи зиндагии хуб ва ба даст овардани пули зиёд шудаанд.

"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки ду сол пеш қисматҳое аз қаламравҳои Сурияву Ироқро ишғол ва дар ин сарзаминҳо эълони ба ном «хилофат» кард. Ин гурӯҳ бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба асирону дигарандешон ва пайравони мазҳабҳои ғайр ном баровардааст.

Фаъолияти "Давлати исломӣ" дар кишварҳои зиёди дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон расман манъ шудааст.