Оҷонсии “Тоҷикстандарт” фурӯшу ворид кардани парчамҳои миллии кишварро, ки дар Чину Туркия истеҳсол шудаанд, манъ кард ва намунаҳояшро аз дӯкону фурӯшгоҳҳо бардошт. Мақомоти ин ниҳод мегӯянд, ки ин парчамҳо нуқс дошта, акнун дар дохил омода хоҳанд шуд.
Абдуқаҳҳор Мавлонзода, сардори шӯъбаи назорати давлатӣ оид ба молҳои ниёзи мардум дар “Тоҷикстандарт” рӯзи 26 май дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, “дар ин парчамҳо камонакҳои тоҷ пайваст набуда, нишонаҳои байн ҳам ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгӯ нестанд. Парчамро асосан аз матои пахтагӣ, абрешимӣ ва омехта тайёр мекунанд.”
Аксари тоҷирон ва харидорон мегӯянд, то ин дам огоҳ набуданд, ки парчамҳои миллии Тоҷикистон бо иштибоҳ истеҳсол шуда, даст ба дасти сокинон гаштааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Парчами Тоҷикистон яке аз молҳои серхаридори дӯкони Саидакбар Одинаев буд. Ӯ бештар аз 10 сол боз дар фурӯшгоҳи “Олами китоб”-и Душанбе кор мекунад ва дар баробари маҳсулоти дигар парчамҳои хурду бузурги кишварашро ба муштариҳо пешниҳод мекард. Чанд рӯз пеш кормандони Оҷонсии “Тоҷикстандарт” дӯкони ӯро тафтиш карда, парчамҳояшро ҳамчун моли ғайристандартӣ муосдира кардаанд.
Одинаев гуфт, “вақте аз Чин меояд, ё аз ҷои дигар, мо ҳеч чиз гуфта наметавонем. Ба ин бояд Хадамоти гумрук ва Оҷонсии “Тоҷикстандарт” ҷавоб гӯянд. Аз гумрук гузаштан намонанд. Аз гумрук, ки гузашту дохили бозор шуд, хоҳ-нохоҳ пайдо мешавад.”
Зарифхон Ниёзов, тоҷири дигар, мегӯяд, ба онҳо фаҳмондаанд, ки ду тарафи тоҷи парчами фурӯшии онҳо боз буда, ба меъёр ҷавобгӯ нест ва барои ҳамин аз фурӯш бардошта шудааст. “Мегӯянд, ки дар асл бояд ин ду гӯша пайваст бошад. То имрӯз, ки мо савдо мекардем, ҳамин нишонаи пайвастношуда буд.”
Аз сӯи дигар аксари кулли парчамҳои миллии Тоҷикистон, ки дар маросиму маъракаҳо истифода мешаванд, бо ҳамин камбуд истеҳсол шудаанд. Ҳатто парчами бузургтарини кишвар дар маркази Душанбе ва аксу нигораҳои парчам ва тоҷи парчам болои биноҳо ҳамин нуқсро доранд.
Корхонаи дӯзандагии “Суман”, ки аз замони Шӯравӣ махсуси дӯхтани парчам аст, истеҳсоли парчамҳои миллии Тоҷикистонро бар асоси қолабе ба роҳ мондааст, ки нуқси кафшкардаи Оҷонсии “Тоҷикстандарт”-ро дорад. Файзимоҳ Иброҳимова, раҳбари кулли корхонаи дӯзандагии “Суман” гуфт, “стандарти парчам, чи хеле дар дасти мо ҳаст, 1 метру 80 сантиметр ба 90 сантиметр. Рамзҳои сурху сабз 28 сантиметр ва рамзи сафед 48 сантиметр муқаррар шудааст.”
Парчамҳои тавлидкардаи корхонаи “Суман” ҳадди ақалл ба стандарти парчами миллӣ мувофиқ ва аз матои абрешим истеҳсол мешавад. Аммо бо сабаби каме гаронии нархаш чандон харидор надорад. Парчамҳои миллии Тоҷикистон, ки дар Чину Туркия тавлид мешаванд ва нархи арзон дорад, бозори корхонаи “Суман”-ро касод кардааст.
Оҷонсии “Тоҷикстандарт” мегӯяд, ба дунболи пурра манъ шудани воридоти парчами миллӣ аз хориҷи кишвар тавлидоти босифат ва стандарти он дар дохили кишвар анҷом хоҳад шуд ва роҳ барои корхонаҳои дохилӣ дар истеҳсоли парчами миллӣ бозтар мешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон ба нишонҳои давлатӣ, мисли парчаму нишони миллӣ аҳамияти вижа медиҳад ва баландтарин парчамро низ дар маркази шаҳр насб кардааст. Баргузории ҷашну маросимҳои зиёд ва истиқболи раисиҷумҳур дар минтақаҳо бозори парчамфурӯширо дар кишвар ҳамеша гарм нигоҳ медорад.