"Парчамовезон"-и ДИИШ-ро зиндонӣ карданд

Даврон Қурбонов ва Қудрат Насруллоев дар додгоҳ

Додгоҳ Даврон Қурбонови 21-сола, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро барои боло кардани парчами гуруҳи "Давлати исломӣ" муҷрим шинохта, ба шаш соли зиндон маҳкум кард. Шарики ӯ чор сол зиндонӣ шуд.

Даврон Қурбонов, сокини 21-солаи шаҳри Душанбе, ба ҷурми боло кардани парчами гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар болои пул (купрӯк)-е дар маҳаллаи 103-юми пойтахт ба шаш соли зиндон маҳкум шудааст. Дар ин бора вакили дифои Даврон Қурбонов ба Озодӣ хабар дода ва гуфт, ки ҳукм рӯзи 19 май содир шудааст.

Бар асоси ин ҳукми додгоҳ, Қудрат Насруллоев - сокини 17-солаи кӯчаи Меҳнатободи ноҳияи Сино, барои шарикӣ бо Даврон Қурбонов чор сол аз озодӣ маҳрум гардидааст.

Вале Саёҳат Қурбонова, хоҳари Даврон Қурбонов рӯзи 19 май ба Озодӣ гуфт, ки барои бознигарии ҳукми додараш тамоми талоши худро ба харҷ хоҳанд дод. "Мо ҳоло бо вакили дифоъ машварат дорем ва аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болотар шикоят хоҳем кард. Додарам ҳеч вақт ифротгаро набуд," - гуфт ӯ.

Парвандаи Даврон Қурбонов, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, аввали моҳи апрел ба дасти додгоҳ расида ва мурофиаи нахустинаш рӯзи 11 апрел баргузор шуда буд. Қурбонов дар ин парванда бар асоси нишонаи аввали моддаи 307, яъне "даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани он ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ё бо роҳи зӯроварӣ вайрон кардани тамомияти арзии Тоҷикистон" айбдор мешуд.

Даврон Қурбонов рӯзи 28 ноябри соли 2015 ҳамроҳи ҳамсинфаш Ҳасан Соҳибов ҳамчун гумонбар дар овехтани парчами сиёҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар болои пули маҳаллаи 103-пойтахт боздошт шуданд.

Мувофиқи маълумоти тафтишотӣ, Даврон Қурбонов гӯё ҳамроҳи як ҳамсинфаш рӯзи 25-уми август аз бозор ранги сафед ва матои сиёҳ харида, парчам дуруст мекунанд ва шаби 28 ба 29-уми август дар купрӯки маҳаллаи 103-юм меовезанд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, Даврон Қурбонов дар яке аз интернет-кафеҳои пойтахт кор мекард ва наворҳои марбут ба созмони "Давлати исломӣ"-ро тамошо карда, дигаронро низ ба тамошои ин наворҳо даъват менамуд.

Қаблан Давлатмурод Қурбонов, падари Даврон Қурбонов бо ирсоли нома ба президенти Тоҷикистон ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хоста буд, ки ба ҳалли мунсифонаи парвандаи фарзандаш мусоидат кунанд.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар соли 2014 қисматҳое аз қаламравҳои Сурия ва Ироқро ишғол ва дар сарзаминҳои таҳти тасарруфаш эълони ба ном “хилофат” кардааст. Ҷангҷӯёни ин созмон бо бархӯрди бераҳмонаи худ нисбат ба асирон ва дигарандешон, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани асирон ном баровардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон пайваста аз афзоиши шумори шаҳрвандони тоҷик дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” изҳори нигаронӣ мекунанд. Тибқи иттилои расмӣ, беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳо ба Сурия ва Ироқ рафтаанд. Аксари ин шаҳрвандон аз Русия бо даъват ва маблағгузории эмиссарҳо то хоки Сурия ва Ироқ расидаанд.