Омезиши сабки миллӣ дар ҳунари заргарии Дилмурод

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар 15-уми ҷашнвораи минтақавии косибон, ки дар ҳафтаи охири моҳи май дар шаҳри Бухоро баргузор мешавад, Тоҷикистонро заргари ҷавон Дилмурод Шарифов муаррифӣ мекунад.

Дилмурод Шарифов, як заргари ҷавони тоҷик дар 15-умин ҷашнвораи минтақавии косибон дар Узбакистон, ҳунари заргарии миллиро муаррифӣ хоҳад кард. Ин ҷашнвора ҳамасола дар ҳафтаи охири моҳи май дар шаҳри Бухорои Узбакистон баргузор мешавад.

Дилмурод Шарифов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин намоиши фарҳангӣ дар баробари ҳунармандону косибони шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва Фарғона ҳамчунин ҳунармандон аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ даъват шудаанд, ки як гурӯҳи ҳунармандон аз Тоҷикистон ҳам ширкат мекунанд. Ӯ мегӯяд, ин шабу рӯз барои муарифии ҳунари заргарӣ дар ин ҷашнвора омодагӣ мегирад ва талош дорад, бо ин ҳунари камназираш Тоҷикистонро дар берун аз кишвар муаррифӣ кунад.

Ӯ аз сангҳои гаронарзиши табиӣ ва нуқраи соф нигораҳое месозад, ки ҳар яки он мавӯзи хосе доранд. Вижагии кори ӯ ин аст, ки дар ҳунари заргарӣ сабки миллиро бо сангҳои табиӣ омезиш медиҳад ва беҳтарин дастмона, қулфи гиребон, гарданбанду бозубанд ва ангуштариву гӯшвораҳоро меофарад. Барои мисол, ҳангоми сохтани ҷавоҳирот бо омезиши нуқраву санг ва чӯби дарахт болои он нақшу нигори гулдӯзиро тасвир мекунад.

Тавре худаш мегӯяд, ин ҳама бозгӯи муҳаббати инсонҳо ба табиат аст: “Ҳоло гӯшвораҳое сохтаам, ки шакли кузаро доранд ва номаш ҳам кузаи Файзобод аст. Ин чӣ маъно дорад? Дар яке аз деҳаҳои Файзобод оилае ҳаст, ки ҳафт пушташ кулолгар аст ва куза месозанд. Ин ҳам як ҳунари мардуми тоҷик аст ва барои ин ман дар корам аз ҳунармандии мардум низ истифода кардам. Ё рӯи ангуштарини дигар нақшу нигори гулдузиро тасвир кардам, ки то имруз мардуми тоҷик бо ин ҳунарашон шинохта шудаанд”.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳунари заргарии Дилмурод

Адолат -- ҷавондухтаре, ки аз гушвораҳои сохтаи Дилмурод харидорӣ кардааст, мегӯяд ҳаводорони ҳунари дасти ӯ афроде ҳастанд, ки ба нақшу нигори миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳ доранд: “Ба хотире, ки ман дар як созмони хориҷӣ фаъолият мекунам, барои ман муҳим аст, ки чунин ангуштарину гушвора дошта бошам. Ба хотири он, ки ин як навъ муаррифии ҳунари мардуми тоҷик дониста мешавад.”

Аммо ба фарқ аз Адолат, мусоҳиби дигари мо мегӯяд, орзуи доштани гушвораву ангуштарини сохтаи Дилмуродро дорад. Дилором гуфт, ҳоло дар пойтахт пайдо кардани ҷавоҳироти занона бо нақшҳои гулдузӣ, ки бо либосҳои миллӣ тавъам мебошад, мушкил аст. Вале мегӯяд, талош мекунад бо даст додани имкони молӣ аз ҳунари дасти Дилмурод харидорӣ кунад: “Моле ки ин заргар месозад, нисбатан арзиши гаронтар дорад, вале ба хотири он, ки сифаташ хуб аст, кушиш мекунам ҳар вақте имкони харидорӣ кардан пайдо шавад, харам. Чун офаридаҳои ӯ мувофиқ ба таъбу завқи ман аст”

Худи Дилмурод мегӯяд, барои сохтани як гарданбанд, ангуштарин ва ё гушвора се ё чор рӯзи кор ва тамоми ҳунару малакаи худро сарф мекунад. Вай қабл аз сохтани ҷавоҳирот аз ширкати “Рухом” сангҳои табииро интихоб мекунад ва бо наққошӣ кардани шакли гушвора ё гарданбанд рӯи қоғаз, баъдан ба сохтани он мепардозад: “Тамоми кори ман эҷод аст ва ман дар дӯкон кор мекунам ва мисли корхонае нестам, ки монанд ба ҳар гуна қолаб ҷавоҳиротро истеҳсол кунам. Харидорон ҳам зиёд нестанд. Ду-се нафар дар як ҳафта ба дукони ман меоянд, вале бештари вақт ман молҳои сохтаамро дар намоишгоҳҳо, аз ҷумла намоишгоҳҳои берун аз кишвар мефурӯшам.”

Осори ҳунари як заргари ҷавон

Дилмурод мегӯяд, замоне ба заргарӣ рӯй овард, ки ҳанӯз донишомӯзи Коллеҷи ҷумҳуривии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов буд ва дар риштаи кандакорӣ таҳсил мекард. Аммо дилбастагӣ ба ин ҳунари заргарӣ ӯро ба ин роҳ овард. Ҳоло ӯ дар Иттиҳодия рассомони Тоҷикистон дӯкони махсуси худро дорад ва баробари офаридани маҳсулоти заргарӣ аз сангҳои нодири маҳаллӣ, ба мисли ёқуту лаъл, фирӯза ва лоҷувард, ба хоҳишмандони ин ҳунар нозукиҳои онро меомӯзонад.

Бо он, ки ҳоло дар Тоҷикистон сафи заргарон кам нест ва нафарони зиёде бо ҳунари заргарӣ рӯзгорашонро пеш мебаранд, аммо ҳаводорони ҳунари дастии Дилмурод асосан шаҳрвандони хориҷӣ ва духтарону занонони миёнсол ҳастанд, ки худро ҳамқадами замон медонанд ва ё бештар ба хориҷ аз кишвар сафар мекунанд. Ҷавоҳироте, ки Дилмурод месозад, на камтар аз дусад сомонӣ арзиш дорад, вале онҳое, ки ҳаваси доштани чунин ҷавоҳиротро аз сангҳои гаронбаҳои кишвар доранд, маблағ барояшон муҳим нест.