Сел дар масири Душанбе-Хуҷанд. IRS мегӯяд, роҳ дубора боз шудааст

Рӯзи гузашта дар ду мавзеи шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ сел ҷорӣ шуда ва ҳаракат дар ин масир муваққатан қатъ шудааст.

10 майи соли ҷорӣ дар масири шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ бар асари борандагии шадид дар километрҳои 38 ва 39-уми ин роҳ дар 2 мавзеъ сел фаромада ва дар натиҷа, ҳаракати всоитаҳои нақлиёт дар ин масир муваққатан қатъ шудааст.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти филиали Ширкати "Иновейтив Роуд Солюшнз", ки нигоҳдории ин масирро ба ӯҳда дорад, кормандони ин ниҳод дар минтақаи Варзоб бо истифода аз техникаю механизмҳои зарурӣ тавонистаанд дар муддати кӯтоҳ роҳро поксозӣ ва боз кунанд.

Ҳамчунин, рӯзи гузашта оқибатҳои фаромадани сел дар километри 147-и-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ низ бартараф шудааст.

Бино ба хабарҳои расида аз ноҳияи Айнӣ, бар асари боришоти зиёд аз куҳҳо санг фаромада, ҳудуди се километр роҳро дар назди деҳаи Ревади ин ноҳия банд намудааст, ки мусофирон аз ду тарафи роҳ ҳудуди панҷ соат мунтазири боз шудани шоҳроҳ шуданд.

Рустам Тоҳиров, пизишки беморхонаи ноҳияи Панҷакент, рӯзи 11 май ба Озодӣ гуфт, як беморро ба Душанбе меовард ва субҳи рӯзи сешанбе дар соати тақрибан 5.30 ба роҳ баромадааст, вале дар назди деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ бар асари баста шудани роҳ як соат банд мондааст.

Вай гуфт, азбаски як зани миёнсоли беморро бояд ҳарчӣ зудтар ба пойтахт мебурд, хоҳиш кардааст, ӯро зуддтар иҷозаи убур диҳанд.

Рустам Тоҳиров гуфт, вақте ки онҳо аз тӯдаи сангҳо убур карданд, тақрибан 200 мошин дар паси онҳо буд.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дод, ки дар панҷ рӯзи оянда дар манотиқи мухталифи кишвар боришоти зиёд, жола, фаромадани селу ярч ва тундбод пешгӯӣ шудааст. Тибқи ин пешгӯӣ, бар асари борандагии шадид сатҳи оби дарёҳои Кофарниҳон, Варзоб, Хингоб, Яхсу ва Қизилсу боло рафта ва зер об мондани манозили сокинону майдонҳои кишт вуҷуд дорад.