Оғози баррасии гузориши Тоҷикистон дар Созмони Милал

Дар шаҳри Женева баррасии гузориши миллии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон шурӯъ шуд.

Як ҳайати расмии ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарии Рустами Шоҳмурод, вазири адлия дар назди аъзои Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал дар бораи мурооти ҳуқуқи инсон дар кишвар гузориш медиҳанд. Айни замон Рустами Шоҳмурод дар бораи дастовардҳои кишвар дар панҷ соли гузашта дар арсаи таъмини озодиҳои мардум ва ҳуқуқи инсон гузориш медиҳад ва аз ҷумла гуфт, "кишвар баъди аз низоми тоталитарии шӯравӣ гузаштан, кори зиёдеро барои риояти ҳуқуқи инсон ва таъмини озодиҳои мардум анҷом дода ва ба аҳдномаҳои зиёди байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи инсон пайвастааст.

http://webtv.un.org/live-now/watch/25th-session-of-universal-periodic-review/4473498400001

Зимни суханронӣ дар ҳузури аъзои шӯро дар шаҳри Женева ӯ дар ин бора суҳбат мекунад, ки Тоҷикистон аз соли 2010 то соли 2015 барои беҳбуд бахшидан ба вазъи ҳуқуқи инсон чӣ корҳоеро ба анҷом расонида ва кадом қонуну қарорҳоро қабул кардааст. Дар ҳайати расмӣ ҳамчунин ваколатдори ҳуқуқи инсон, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, намояндагони вазоратҳои маориф, додситони кулли Тоҷикистон ва дигар мақомоти баландпоя шомил ҳастанд. Моҳи январи имсол давлати Тоҷикистон гузориши миллӣ дар бораи риояти ҳуқуқи инсон дар кишварро ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал фиристод, ки дар он омадааст, дар Тоҷикистон дар панҷ соли гузашта бисёре аз тавсияҳои Созмони Милал барои таъмини озодиҳои мардум ва риояти ҳуқуқи онҳоро иҷро кардаанд. Аммо дар гузорише, ки дар остонаи нишаст ба Шӯро фиристодаанд, аз ҷумл омадааст, ки Тоҷикистон дар баъзе аз самтҳо натавонистааст, тавсияҳои Созмони Милал барои беҳтар шудани ҳуқуқи инсонро дар солҳои гузашта иҷро кунад ва ё баръакс дар баъзе аз самтҳо ақибнишинӣ кардааст. Дар ин гузориш аввал аз он гуфта шудааст, ки дар Тоҷикистон баробарии зану мард риоя намешавад, мардсолорӣ ҳамчунон роиҷ аст ва ҳукумат барои боло бурдани мақоми зан ва аз байн бурдани хурофоту ақидаҳои кӯҳна нисбат ба зан талошҳои кофӣ ба харҷ надодааст. Дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал масъалаи бастани ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳоло аз сӯи Додгоҳи олӣ созмони террористӣ ва мамнӯъ эълон шудааст, низ матраҳ мешавад шуд. Дар гузориши пешниҳодшуда ба шӯро омадааст, ҳизби наҳзати исломӣ дар интихоботи порлумонии соли 2015 аз курсиҳояш дар Маҷлиси Намояндагон маҳрум шуд ва сипас баъди ошӯби хунини Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябр созмони террористӣ эълон гардид. Айни замон муҳокимаи 13 узви раёсати ҳизб идома дорад.

Давлати Норвегия, як узви Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал бо ирсоли пешакии суол дар бораи ин қазия аз ҳукумати Тоҷикистон пурсидааст, ки оё ба муҳокимаи ин афрод хабарнигоронро роҳ медиҳад ва агар не чаро? Намояндагони Амрико низ бо ирсоли суолҳои худ дар бораи риояи ҳуқуқи мазҳабӣ дар Тоҷикистон гуфтаанд, аз он нигаронанд, ки Тоҷикистон бо баҳонаи ифротгароӣ ва терроризм озодии баён ва озодии суханро маҳдуд мекунад. Яке аз ҳафт суоли фиристодаи Амрико баррои баррасӣ дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал ин аст, ки Тоҷикистон барои баҳси озод дар бораи ислоҳоти пешниҳодӣ ба Қонуни асосӣ ё Конститутсия чӣ корҳоеро анҷом медиҳад, то мардум тавонанд, интихоби дуруст кунанд.Айни замон мақомоти Амрико ба давлати Тоҷикистон ҳушдор додаанд, ки раъйпурсии рӯзи 22 майро дар фазои боз ва бо баҳси созанда баргузор кунад. Дар сурати қабули ислоҳот ба Конститутсия сини номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз 35 то 30 поин омада, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имкон пайдо хоҳад кард, ба таври номаҳдуд номзадиашро ба мақоми президентӣ пешбарӣ намояд.