Бозии Тоҷикистону Бангладешро Хаттоб доварӣ мекунад

Доварони аввалин бозии тимҳои миллии Тоҷикистону Бангладеш аз Сурия таъин шудаанд.

Аввалин бозии плей-оффи марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Бангладешро ҳакамон аз Сурия доварӣ мекунанд.

Довари ФИФА Ҳанно Хаттоби 27-сола сардовари ин бозӣ мебошад. Ба ӯ ёварони довари ФИФА – Алӣ Аҳмади 35-сола ва Мазен Зазфуни 38-сола - кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро довари ФИФА Ферас Тавили 33-сола ба зимма дорад. Масъуд Муродии эронӣ нозири доварон ва Чен Хин Чун аз Ҳонконг комиссари бозӣ таъин шудаанд.

Бояд гуфт, ки барои Ҳанна Ҳаттаб бозии Тоҷикистону Бангладеш дар фаъолияти байналмилалиаш ба ҳайси сардовар дувумин хоҳад шуд. Пештар ӯ сардовари бозии Ҷоми AFC-2016 байни бошгоҳҳои «Ҷоҳор Дарул Таъзим» (Малайзия) ва «Лао Тойота» (Лаос) – 3:0 буд.

Бозии аввали плей-оффи сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Бангладеш рӯзи 2 июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 оғоз меёбад. Бозии ҷавобии ин ду даста рӯзи 7 июн дар пойтахти Бангладеш – Дакка - баргузор мешавад.

Дар марҳалаи аввали плей-офф 10 дастае, ки аз рӯи натиҷагирии қуръакашӣ панҷ ҷуфтро ташкил медиҳанд, иштирок мекунанд. Панҷ дастаи ғолиби марҳалаи аввали плей-офф ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ меёбад.

Агар мунтахаби Тоҷикистон моҳи июн аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бо дастаи Бангладеш ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфта натавонад, он гоҳ боз як шанси ба марҳалаи гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019-ро тирамоҳ, вақте ки бозиҳои марҳалаи сеюми плей-офф баргузор мешаванд, пайдо мекунад. Дар ин марҳала се ҷуфт аз ҳисоби панҷ дастаи мағлубшудаи марҳалаи аввали плей-офф ва мунтахаби Бутан иштирок хоҳанд кард. Се дастаи ғолиби марҳалаи дувуми плей-офф ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ меёбад.

Аз 11 дастаи марҳалаи плей-офф ҳаштоаш ба 16 тими мунтахаби даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 ҳамроҳ мешавад. Дар марҳалаи гурӯҳӣ 24 даста, ки ба 6 гурӯҳ тақсим шудаанд, ширкат меварзанд. Аз рӯи натиҷагирии ин марҳала аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ (ҳамагӣ 12 даста) ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки соли 2019 баргузор мешавад, роҳхат мегиранд. Дар қисми ниҳоии мусобиқоти қитъавӣ, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб барпо мегардад, барои аввалин бор 24 даста ширкат меварзад.

Марҳалаи плей-оффи Ҷоми Осиё-2019:

Бозиҳои аввал

2 июн (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Бангладеш

Тайван – Камбоҷа

Молдив – Яман

Малайзия – Тимори Шарқӣ

Лаос – Ҳиндустон

Бозиҳои ҷавобӣ

7 июн (сешанбе)

Бангладеш – Тоҷикистон

Камбоҷа – Тайван

Яман – Молдив

Тимори Шарқӣ – Малайзия

Ҳиндустон – Лаос