Дар остонаи Рӯзи байналмиллалии озодии матбуот мо аз сокинони, кишвар, онҳое, ки ҳамарӯза аз матолиби рӯзномаву маҷаллаҳо ва радиову телевизион бархурдор мешаванд, пурсидем, ки то куҷо муҳтавои расонаҳо онҳоро қонеъ мекунад.
Самад Мусоев, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳар ҳафта на камтар аз 5 ҳафтаномаро мехонад ва гузоришҳои радиову телевизионро мешунаваду тамошо мекунад. Аммо Мусоев мегӯяд, дар саҳифаҳои матбуот ва дигар расонаҳо дар мавзӯҳои доғи рӯз матлбаҳо камтар шудаанд. Вай афзуд: “Газетаҳоро варақ мезанед, аммо дар бораи проблемаҳои асосии рӯз чизе наменависанд. Рӯирост наменависанд ҳодисаҳои мешударо дар кишвар. Баъд мо дар бораи ҳодисаҳои кишвари худамон аз расонаҳои хориҷӣ ва дигар ҷойҳо мехонему мебинем, огоҳ мешавем. Ман 74 сол дорам, вале дар матбуот пештар ҳам ҳақиқатро наменавиштанд ҳоло ҳам”.
Гилояи хонандагон аз камҷуръатӣ ва ё даст назадани хабарнигорон ба пушиши мавзӯҳои доғу умда дар ҳолест, ки худи хабарнигорон мегӯянд шароити кору эҷод тайи соли охир дар кишвар хеле бадтар шудааст.
Абдулазизи Восеъ, муҳаррири Оҷонсии хабарии “Озодагон” рӯзи 2- уми май дар суҳбат бо “Озодӣ” гуфт, аз байн рафтани танавуи мавзуҳо дар расонаҳо ва камтар шудани матлабҳои доғу умда дар расонаҳои Тоҷикистон дар соли охир ду сабаб дорад: Ӯ гуфт: "Яке ин ки дастрасии хабарнигорон ба иттилои расмӣ боз ҳам душвортар шуд. Дуввум, дар пасманзари ҳабси чанде аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, вакилони дифоъ, соҳибрасонаҳо ва хабарнигорон беш аз ҳарвақта эҳтиёткор шуда ба худсонсур даст заданд. Чунки дар чунин шароит агар як расона хабари доғеро низ нашр кунад, маълум нест дигар расонаҳо низ онро бознашр мекунанд ва ё на. Дар ин ҳолат ин расона метавонад зери зарба монад ва эҳтимоли комилан аз байн рафтанашон низ мумкин аст”.
Ин аст, ки ба гуфтаи Абдулазизи Восеъ, расонаҳои Тоҷикистон миёни “ошкор гуфтан” ва “боқӣ мондан” роҳи дуввумро интихоб мекунанд.
Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, вазъи озодии баён, гуногунандешӣ ва ҷасорати хабарнигорӣ дар Тоҷикистон тайи солҳои охир беш ҳама латма дид ва агар вазъият ба ҳамин минвол идома кунад, Тоҷикистон даствардҳояшро дар озодии баён ва мардумсолорӣ аз даст хоҳад дод.
Ду нон ба ҷои як рӯзнома!
Вале моликон ва сардабирони расонаҳои мустақил мегӯянд, муҳимтарин чолише, ки онҳо дар рӯ ба рӯи он қарор доранд, ин мушкилоти иқтисодӣ ва буҷети хароби нашрияҳост.
Хуршеди Атоулло, роҳбари Шӯрои Васоити ахбори омма ва молики нашрияҳои "Фараж", "Самак" ва "Ману ту", мегӯяд, буҳрони иқтисодӣ дар қатори мардуми Тоҷикистон ба вазъи молиявии нашрияҳои таъсири манфӣ гузошт. Вай гуфт: “Мушкили асосӣ иқтисодӣ аст барои расонаҳо. Зеро ба таври гушношунид теъдоди нашри ҳафтаномаҳо поин фаромадааст. Имрӯз, мардум сари он фикр мекунад, ки ба ҷои он ки як рӯзнома беҳтараш дуто нон бихарад”.
Ҷаноби Атоулло афзуд, адади нашри ҳафтаномаҳои зери роҳбарии ӯ тайи соли охир аз 40 то 45 дарсад поин рафтааст, ки албатта даромаднокии нашрияҳоро ба маротиб коҳиш додааст.
Зимнан, тайи соли охир теъдоде аз хабарнигрон бо аҳли оилаашон тарки Ватан карданд, тамоюле ки баъд аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ба назар намерасид.
Хуршед Атоулло мегӯяд, сабаби тарки кишвар кардани хабарнигорон ҳам маҳз набуди ҷойи кор ва маошӣ нокофӣ аст, ки онҳоро водор мекунад тарки Ватан карда рӯ ба ҳиҷрат оранд.
Рукуди хатарнок
Созмони "Гузоришгарони бидуни марз", қароргоҳаш дар Порис, дар арзёбии наваш аз озодии матбуот дар ҷаҳон дар соли 2016, вазъи матбуоти Тоҷикистонро "дар ҳолати як рукуди хатарнок" тасвир кард.
Дар гузориши дар арафаи рӯзи Озодии матбуот нашр шуда омадааст, “тамоюлҳо ба самти худкомагӣ оштии миллии шиканандаро, ки дар хокистари ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 бунёд шудааст, таҳдид мекунад”. Муаллифони гузориш менависанд, бо баҳонаи мубориза бо терроризм, ҳукумат мухолифони сиёсиро аз байн бурд ва ҳоло фишорро болои матбуоти мустақил афзоиш медиҳад.
Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ин созмон дар қиёс бо соле аз ин пеш, 34 зина поин рафта, дар мақоми 150-ум қарор гирифтааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад